Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон сафар карду, дар деҳаи Калтачанор хати оби нӯшокиро ифтитоҳ кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаТаджикистан празднует День национального единства
Таджикистан празднует День национального единства - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафар кард

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст Эмомалӣ Раҳмон роҳбари кишвар бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти давра мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафар кард. 

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳаи Калтачанори ноҳия роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонону аҳли фарҳанг истиқбол гирифтанд.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон посетил Вахдад - Sputnik Тоҷикистон
Як рӯзи Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат: гузориши аксӣ аз сафари раисиҷумҳур

Манбаъ қайд намудааст, ки дар солҳои ноҳияи Балҷувон ба дастовардҳои беназир ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш беҳтар гардидааст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур таъкид намудааст, ки истиқболи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ноҳия далели пуштибонии комили онҳо аз сиёсати созандагию ободонии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар мебошад.

Сипас раисҷумҳури кишвар дар доираи сафари корӣ нахуст дар деҳаи Калтачанори ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор дод.

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, оби нӯшокӣ дар ин мавзеъ тариқи кандани чоҳи амудӣ аз чуқурии 60 метр ба воситаи насосҳои махсуси обкашӣ бароварда шуд ва аз он 4 ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои Охбулоқи 1, Охбулоқи 2 ва деҳаи Солмолидашти ноҳияи Балҷувон истифода хоҳанд бурд.

“Дар қитъаи обтаъминкунӣ барои таъмини саривақтии оби ошомиданӣ ба аҳолӣ насосҳои пурқуввату баландсифати обкашӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардида, насб карда шуданд, ки тариқи он об ба ду ҳавзи захиравӣ тақсим мегардад”, - иттилоъ дод манбаъ.

Ромитское ущелье  - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Ромит маҷмааи сайёҳии “Арху”-ро ба истифода дод

Манбаъ ёдрас шудааст, ки сокинони 3 деҳаи ноҳияи дурдасти Тоҷикистон аз сабаби набудани оби тозаи ошомиданӣ солиёни зиёд танқисӣ мекашиданд.

Давоми солҳои охир дар заминаи таваҷҷуҳи роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати кишвар, татбиқи барномаҳои нави соҳавӣ ба 8 деҳаи дурдасти ноҳияи Балҷувон хати оби тозаи ошомиданӣ гузаронида шуда аз рӯи нақша корҳои лоиҳакашии таъмини хати оби нӯшокӣ дар чанд деҳаи дигар идома доранд.

“Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи татбиқи ташаббусҳои шоёни роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буда, он марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад”,- зикр намудааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0