Ҳавои камабру бебориш: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон намудааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабру бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ба иттилои ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ҷойҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 0-5  метр дар як сония  мевазад.

Женщины идут с зонтиками спасаясь от солнца - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон то 38 дараҷа гарм мешавад

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 27+32 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 14+19  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10  ва   рӯзона  25-30  дараҷа гарм мешавад.

Ҳавои камабру бебориш: дамои ҳаво дар Душанбе то 30 дараҷа гарм мешавад

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад.

На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон боз боло меравад: гармии ҳаво то 33 дараҷа мерасад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15  ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо   суръати 0-5 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва  рӯзона 35+37  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0