ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттило Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамин гуна ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба назар мерасад. Ҳаво ин минтақа камабру бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.