Ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон боз боло меравад: гармии ҳаво то 33 дараҷа мерасад

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон гармии ҳаво то ба 33 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тавре обуҳавошиносон таъкид доштаанд дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона 28+30  дараҷа гарм мешавад.

Девушки с веером в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуҳавошиносон: ҳарорати ҳаво дар пойтахт то 30 дараҷа боло меравад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 8+13  ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол обуҳавошиносон мегуянд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш хоҳад шуд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва  рӯзона 13+18  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8  ва   рӯзона  19-24  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 23+28  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0