ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Путин рӯзи ҷумъа дар марҳилаи асосии размоиши “Марказ – 2019” иштирок мекунад, хабар дод Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия.
“Имрӯз раисиҷумҳур ба вилояти Оренбург парвоз мекунад, шабро он ҷо хоҳад гузаронд ва фардо дар марҳилаи асосии размоиши стратегӣ “Марказ – 2019” ширкат хоҳад кард”, - иттилоъ дод Песков.
Размоиши стратегии “Марказ – 2019” дар вилояти Оренбург аз 16 то 21-уми сентябр гузаронда мешавад. Дар ин машқҳо низомиёни Тоҷикистон, Русия, Чин, Покистон, Қирғизистон, Ҳинд, Қазоқистон ва Узбакистон дар маҷмуъ ҳудуди 128 ҳазор нафар иштирок доранд. Зимни тамринот истифода аз 20 ҳазор техникаю силоҳ, ҳудуди 600 ҳавопаймо ва 15 киштӣ дар назар аст.
Файзов ва Шералӣ Мирзо машқҳои муштарак бо Чинро муҳим хонданд
Қаблан Ҷаҳонгир Назарализод, полковники тоҷик дар пасманзари таҷаммӯи ҷангиёни "ДОИШ" дар Афғонистон размоиши муштаракаи "Марказ - 2019"-ро махсусан муҳим хонда буд.
Теъдоди ҷонибдорони созмони террористии "ДОИШ" дар Афғонистон ба ҳадди буҳронӣ расидааст, изҳор дошт полковники тоҷик Ҷаҳонгир Назарализод зимни маросими ифтитоҳи тамринҳои "Марказ - 2019".
"Баъди амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ дар Ироқ ва Сурия ДОИШ шикаст хӯрд ва саркардаҳои он нерӯҳошонро ба Афғонистон равона карданд. Аз ҳисоби таблиғот ҳамарӯза теъдоди ҷонибдорони ДОИШ афзоиш ёфта, ба ҳадди буҳронӣ наздик омадааст", -таъкид кард полковник Назарализод, сардори ситоди нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон.
Тир то 120 км бехато мерасад: баталиони ҷадиди Русия дар Тоҷикистон ташкил шуд
Ӯ афзуд, ки вазъ дар кишвари ҳаммарз - Афғонистон мояи нигаронӣ мебошад ва бояд тадобири амниятӣ таҳким бахшида шаванд.