Таъмини амнияти минтақаро низомиёни Тоҷикистону Узбакистон бар уҳда мегиранд

© © минобороны УзбекистанаДвусторонние учения военных Узбекистана и Таджикистана по уничтожению условных террористических группировок
Двусторонние учения военных Узбекистана и Таджикистана по уничтожению условных террористических группировок - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар назар аст, ки низомиёни Тоҷикистон ва Узбакистон вазифаҳои таъмини амниятро дар минтақа иҷро намоянд

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik.  Нимаи дуюми моҳи равон дар размоишгоҳи "Гурусарой"- и вилояти Намангон, низомиёни ҳарбии Тоҷикистону Узбакистон тамрини муштараки низомӣ баргузор мекунанд.

Размоиши муштараки низомӣ дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Размоиши муштараки низомӣ дар Суғд

Бар хабари сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён, машқҳо дар доираи тамринҳои миқёсан васеи стратегии фармондеҳӣ-ситодии "Марказ-2019" баргузор мешаванд. Дар назар аст, ки низомиёни Тоҷикистон ва Узбакистон вазифаҳои таъмини амниятро дар минтақа иҷро намоянд.

Путин ва Раҳмон метавонанд дар размоиши бузурги низомӣ "Марказ-2019" иштирок намоянд

Гуфта мешавад, дар ҷараёни машқҳои муштарак малакаҳои ҳамгироии қӯшунҳо дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, инчунин малакаҳои пешбурди амалиёти иктишофӣ-ҷустуҷӯӣ ва дифоӣ такмил дода мешаванд.

Ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, моҳи август қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаҳои кӯҳӣ машқҳои муштараки зиддитеррористӣ баргузор карданд. Машқҳо дар Тоҷикистон ва дар водии Фарғонаи Ӯзбекистон баргузор шуданд.

Иштироки Тоҷикистон дар размоиши бузурги низомӣ дар Русия

Ба гуфтаи Ориф Нозимиён, бори аввал дар солҳои соҳибистиқлолӣ машқҳои муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон соли гузашта дар шаҳраки Чорухдараи вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0