Ин тамрин дар доираи размоиши густурдаи “Марказ – 2019” гузаронда шуда, низомиёни ду кишвар гуруҳҳои ҷангии ғайриқонуниро безарар гардонданд.
Бар асоси барномаи размоиш, гуруҳи ғайриқонунии мусаллаҳи иборат аз ҳудуди 100 нафар ба қисми марзбонии Тоҷикистон ҳамла кардаанд. Дар доираи тамринот, ҳавопаймоҳои Л-39 ва чархболҳои ҷангии Ми-24 ба ҳамлагарон зарба мезананд. Ҳамлагарон аз замин низ мавриди тирборон аз миномётҳо ва дигар воситаю техникаҳо қарор мегиранд.
Дар идома ҳамлагарон ақибнишинӣ мекунанду дар маҳалли истиқоматӣ сокинони мулкиро гаравгон мегиранд. Низомиёни Тоҷикистону Русия зимни як амалиёти махсус гаравгонҳоро халос карда, ҳамлагарони шартиро безарар мегардонанд.
Фармондеҳии нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон ба амалиёти муштараки низомиён баҳои баланд дода, таъкид кардаанд, ки якҷоя қодиранд марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҳифз кунанд.
Қаблан Ҷаҳонгир Назарализод, полковники тоҷик дар пасманзари таҷаммӯи ҷангиёни "ДОИШ" дар Афғонистон размоиши муштаракаи "Марказ - 2019"-ро махсусан муҳим хонда буд.
Теъдоди ҷонибдорони созмони террористии мамнуъ, "ДОИШ" дар Афғонистон ба ҳадди буҳронӣ расидааст, изҳор дошт полковники тоҷик Ҷаҳонгир Назарализод зимни маросими ифтитоҳи тамринҳои "Марказ - 2019".
"Баъди амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ дар Ироқ ва Сурия ДОИШ шикаст хӯрд ва саркардаҳои он нерӯҳошонро ба Афғонистон равона карданд. Аз ҳисоби таблиғот ҳамарӯза теъдоди ҷонибдорони ДОИШ афзоиш ёфта, ба ҳадди буҳронӣ наздик омадааст", -таъкид кард полковник Назарализод, сардори ситоди нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон.
Ӯ афзуд, ки вазъ дар кишвари ҳаммарз - Афғонистон мояи нигаронӣ мебошад ва бояд тадобири амниятӣ таҳким бахшида шаванд.
Иштироки Тоҷикистон дар размоиши бузурги низомӣ дар Русия
Размоиши стратегии “Марказ – 2019” ҳамчунин дар вилояти Оренбург аз 16 то 21-уми сентябр гузаронда мешавад. Дар ин машқҳо низомиёни Тоҷикистон, Русия, Чин, Покистон, Қирғизистон, Ҳинд, Қазоқистон ва Узбакистон дар маҷмуъ ҳудуди 128 ҳазор нафар иштирок доранд. Зимни тамринот истифода аз 20 ҳазор техникаю силоҳ, ҳудуди 600 ҳавопаймо ва 15 киштӣ дар назар аст.










