Дастури Рустами Эмомалӣ ба корхонаю идораҳои Душанбе

© © Sputnik / Амир ИсаевЯрмарка саженцев в Душанбе
Ярмарка саженцев в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо имзои як қарор масъулини ҳамаи корхонаю идораҳоро дар пойтахт ба ободкорию ниҳолшинонӣ муваззаф кардааст

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Бар асоси қарори шаҳрдории Душанбе, ки аз ҷониби Рустами Эмомалӣ 10-уми сентябр имзо шуд, нақшаи чорабиниҳо барои шинонидани ниҳоли дарахту буттаҳо, гулҳои мавсимию бисёрсола дар давраи тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020 тасдиқ гардид.

Рынок Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдорӣ теъдоди бозорҳо, кӯл, тарабхона ва ошхонаҳои миллиро дар Душанбе гуфт

“Дар қарори мазкур омадааст, ки  корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликияту тобеияти идоравӣ дар атрофи бинои худ бо риояи талаботи агротехникӣ, тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахту  буттаҳо, гулҳои мавсимӣ ва  бисёрсоларо дар давраҳои зикршуда ба роҳ монанд”, - хабар додааст “Ховар” бо такя ба мақомоти Душанбе.

Инчунин бар асоси нақша, танҳо дар дар хиёбони Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар маҷмуъ 6 адад гулгашт дар масоҳати 6,06 гектар бунёд мегарданд

Ҷамшед Ватанзода, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ ба "Ховар" иттилоъ дод, ки корҳои навсозӣ ва сабзазоркунии   гулгашти якум, дар  мавзеи роҳи давродаврии   ин хиёбон  дар назди бинои Сирки давлатӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба анҷом расонда шуданд.

Ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Данғара - Sputnik Тоҷикистон
Таҷлили Рӯзи махсуси гулу ниҳолшинонӣ дар Тоҷикистон бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон

Гулгашти  дуюм аз саршавии хиёбони Н.Қарабоев  то буриши кӯчаи Мушфиқӣ, аз ҷониби  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гулгашти сеюмро дар хиёбони Қарабоев, аз буриши кӯчаи Мушфиқӣ то буриши кӯчаи Шестопавлов  корхонаи “Тоҷикаэронавигатсия”,  гулгашти 4-ум дар хиёбони зикршуда, аз кӯчаи Шестопавлов  то буриши кӯчаи Абай, назди бозори “Султони Кабир” аз ҷониби  Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар назди Масҷиди марказӣ

Манбаъ таъкид кардааст, ки Кумитаи  давлатии идораи замин ва  геодезии ҷумҳурӣ дар бунёди гулгашти 5 - уми ин хиёбон, аз кӯчаи Абай то буриши кӯчаи А.Деҳотӣ, назди Маркази савдою хизматрасонии “Содот” саҳм мегузорад. Дар идома иттилоъ дода шудааст, ки гулгашти 6-уми ин хиёбонро, аз буриши  кӯчаи  А.Деҳотӣ то А.Ҷомӣ  дар масоҳати 1,53 га Муассисаи давлатии “Маркази идоракунии Лоиҳаи  таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ва тағйирёбии иқлим”  ба анҷом мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0