Таҷлили Рӯзи махсуси гулу ниҳолшинонӣ дар Тоҷикистон бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонНиҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Данғара
Ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Данғара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистониён бо пешниҳоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола 24 мартро ҳамчун рӯзи махсуси гул ва ниҳолшинонӣ таҷлил мекунанд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 дар анҷоми барномаи наврӯзӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе пешниҳод карда буд, ки минбаъд ҳамасола дар кишвар 24-уми март Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон шавад.

Рахмон и Рустам Эмомали посетили Национальный парк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар назди Масҷиди марказӣ

“Мақсад аз ин рӯз эҳё намудани  анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба  зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони ҷумҳурӣ  ба гулпарварӣ, ниҳолшинонӣ  ва   ҳифзи мероси табиӣ мебошад”, - иттилоъ додааст “Ховар”.

Имсол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 24 феврал дар ноҳияи Данғара ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшида буд.

Инчунин аввали моҳи март Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар назди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ниҳолшинонӣ карданд

Тиқби иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақшаи сохтмони масҷиди ҷомеъ дар ин ҷо дарахтони “магнолия”, “магнолияи баргпарто”, “каталпа”, “клён”, “ел”, “сливаи ороишӣ” ва берёза шинонида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0