Шаҳрдорӣ теъдоди бозорҳо, кӯл, тарабхона ва ошхонаҳои миллиро дар Душанбе гуфт

© © Sputnik / Амир ИсаевРынок Мехргон в Душанбе
Рынок Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе зимни гузориш аз рушди иқтисодиёту иҷтимоёти пойтахт тайи 6 моҳи аввали соли равон теъдоди муассисаю иншооти гуногунро дар шаҳр эълон кард

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, феълан дар ҳудуди Душанбе фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, 39 меҳмонхона, 75 тарабхона, 125 қаҳвахона, 16 маркази дилхушӣ, 157 ошхонаи миллӣ ва 4 чойхонаи миллӣ фаъолият доранд.

Бозори Суғдиён - Sputnik Тоҷикистон
Маҷбурӣ не, ихтиёрӣ: “Суғдиён” ба тоҷирон нуқтаҳои савдои ройгон пешниҳод мекунанд

Манбаъ афзуд, ки инчунин 17 боғи фарҳангиву фароғатӣ, 4 гулгашт, 3 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 66 маркази савдо, 27 бозор, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 86 ширкати сайёҳӣ, 59 муассисаи табобатию профилактикӣ ва театру осорхонаҳо ба ҳазорҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонанд.

Бар асоси иттилои шаҳрдорӣ, бо мақсади боз ҳам зебову хуррамгардонии ҳудуди минтақаҳои шаҳр дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар 7 гулгашт ва дар 57 майдончаи варзишӣ оғоз шуда, 9 адад майдончаи варзишӣ ифтитоҳ ва аз ин 1 адад тибқи санади комиссияи давлатӣ қабул гардидааст.

Жители Душанбе покупают продукты на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон
Омодагӣ ба Иди Фитр: Савдои гарм дар бозору мағозаҳои пойтахат-гузориши аксӣ

“Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 ба миқдори 7218 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Шаҳрдорӣ таъкид намуд, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо ба миқдори 113,3 ҳазор бех дарахту буттаҳо ва 9,5 миллион бех гулҳои мавсимии бисёрсола ва дар майдони 166,9 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд, ки аз нақшаи пешбинигардида ба маротиб зиёд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0