Фармоиши Ҳукумат: 6 гулгаштро дар хиёбони Қарабоев кӣ месозад?

© © Sputnik / Амир ИсаевКоммунальные службы города Душанбе
Коммунальные службы города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асоси фармоиши Ҳукумати Тоҷикистон дар хиёбони Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар маҷмуъ 6 адад гулгашт дар масоҳати 6,06 гектар бунёд мегарданд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ҷамшед Ватанзода, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ, иттилоъ дод, ки корҳои навсозӣ ва сабзазоркунии   гулгашти якум, дар  мавзеи роҳи давродаврии   ин хиёбон  дар назди бинои Сирки давлатӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба анҷом расонда шуданд.

Боздид аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб як гулгашту се боғро ифтитоҳ кард

“Гулгашти  дуюм аз саршавии хиёбони Н.Қарабоев  то буриши кӯчаи Мушфиқӣ, аз ҷониби   Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёд гардида,  дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди истифода қарор дода шуд”, - хабар дод “Ховар” аз қавли Ватанзода.

Манбаъ афзуд, ки сохтмони гулгашти сеюмро дар хиёбони Қарабоев, аз буриши кӯчаи Мушфиқӣ то буриши кӯчаи Шестопавлов   корхонаи “Тоҷикаэронавигатсия”  ба уҳда дошта ва корҳои ободонию навсозӣ дар ин мавзеъ идома доранд.

Раҳмон лоиҳаи бинои Ҳукумату Парлумонро нишон дод: аз нарх то баландӣ ва беғаразии Чин

“Бунёди гулгашти 4-умро  дар хиёбони зикршуда, аз кӯчаи Шестопавлов  то буриши кӯчаи Абай, назди бозори “Султони Кабир”  Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад”, - омадааст дар иттилоия.

Рынок Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдорӣ теъдоди бозорҳо, кӯл, тарабхона ва ошхонаҳои миллиро дар Душанбе гуфт

Манбаъ таъкид кардааст, ки Кумитаи  давлатии идораи замин ва  геодезии ҷумҳурӣ дар бунёди гулгашти 5 - уми ин хиёбон, аз кӯчаи Абай то буриши кӯчаи А.Деҳотӣ, назди Маркази савдою хизматрасонии “Содот” саҳм мегузорад.

Дар идома иттилоъ дода шудааст, ки гулгашти 6-уми ин хиёбонро, аз буриши  кӯчаи  А.Деҳотӣ то А.Ҷомӣ  дар масоҳати 1,53 га Муассисаи давлатии “Маркази идоракунии Лоиҳаи  таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ва тағйирёбии иқлим”  ба анҷом мерасонад.

Котиботи Раҳмон гуфт, чаро боғи навро Куруши Кабир ном гузоштанд

Дар матлаб зикр шудааст, ки зимни навсозӣ ва бунёди гулгаштҳои хиёбони Неъмат Қарабоеви пойтахт шинонидани дарахтони ороишӣ, гулҳои бисёрсолаю мавсимӣ ва чароғонкунии ин мавзеъҳо дар назар дошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0