Анита Фигел - овозхони лаҳистонӣ дар "Шоми дӯстии Тоҷикистону Лаҳистон", ки шоми 12 сентябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, суруди маэстро Далер Назаров - "Чак-чаки борони баҳор" - ро иҷро кард.
Сарояндаи лаҳистонӣ бо иҷрои суруди Далер Назаров мардумро ба ваҷд овард
Ҳунари овозхони лаҳистонӣ аз ҷониби тамошобинони тоҷик хуш қабул шуд. Аз навор шунида мешавад, чигуна мардум ба Фигел барои иҷрои суруди машҳури овозхони тоҷик, офарин мегӯянд.
Ҳамчунин дар ин шом, ҳунарпешаҳои Ансамбли рақси миллии назди Академияи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Юзеф Пилсудскийи Лаҳистон бо рақсҳои шӯху ҷаззоби мардуми Полша, Ансамбли рақсии "Парасту"-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо арғушти дилрабо ва мавзуни худ қалби тамошобинонро тасхир намуданд.
Бояд гуфт, ки "Чак-чаки борони баҳор" - ба қалами шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ тааллуқ дошта аз сурудҳои машҳуртарини маэстро Далер Назаров мебошад.
То ин дам ин суруд аз ҷониби овозхонони машҳури гуногуни ҷаҳон иҷро шудааст.
Юлдуз Усмонова Ҳунарманди мардумии Узбакистон рӯзи 8 марти соли 2009 дар саҳнаи Кохи Борбад бо Далер Назаров ин сурудро иҷро карда онро аз дӯстдоштатаринаш гуфт.
Солҳо пеш ҳам як писарбачаи узбакистонӣ Ҷӯрабек Ҷӯраев бо иҷрои ин суруд корбарони интернетро тасхир карда буд.
Писарча чунон машҳур гардид, ки ба барномаи машҳури Малахов даъват шуд.