Иншооти партовобтозакунии шаҳри Хуҷанд таъмиру таҷдид шуд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкКанализация в Москве.
Канализация в Москве. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Хуҷанд эълон намудааст, ки иншооти партовобтозакунии шаҳр бо кумаки ташкилотҳои хориҷӣ пурра таъмиру таҷдид карда шуд

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон намудааст, ки иншооти партовобтозакунии шаҳр баъд аз азнавсозӣ, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри хуҷанд хабар додааст.

Всенародный субботник проходит в Узбекистане в преддверии Навруза - Sputnik Тоҷикистон
Аз шаҳри Хуҷанд 2 тонна партов бароварда шуд

Бино бар иттилои манбаъ, барномаи беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партоби шаҳри Хуҷанд аҳамияти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дошта, барои ободонии шаҳр мақоми хоса дорад.

Иншооти мазкур бо кумаки ташкилоти “SEKO”, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ шудааст.

“Дар доираи барномаи мазкур беҳтар намудани низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партоби шаҳри Хуҷанд ба назар гирифта шуда, дар ин самт таъмир ва таҷдиди иншооти партовобтозакунии шаҳр, ивази қубурҳои фарсудашудаи партовоб, партовбардори асосӣ, магистралӣ ва кӯчаҳои алоҳидаи шаҳр, харидории таҷҳизот барои истеҳсоли гипохлорид, мошин ва механизимҳо, насби обченкунакҳои муосир, азнавзосии ташхисгоҳи оби нӯшокӣ ва таҷҳизонидан бо технологияи муосир ва ғайраҳо пешбинӣ гардида буд ва аксари корҳо амалӣ гардиданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамчунин намондагони ташкилоти “SEKO”, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, мушвирони хориҷии “Холингер” андешаҳои хешро ҷиҳати муваффақона амалӣ шудани лоиҳа иброз доштанд.

Лентаи хабарҳо
0