ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳуккумати вилояти Суғд, рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳафтаи сипаришуда беш аз 8000 нафар хонандагону донишҷуёни муассисаҳои миёна, махсус ва олӣ, ташкилоти муассисаҳои давлатии шаҳри Хуҷанд ба ҳашар баромаданд.
Корҳои ободонӣ барои пешвози ҷашни 25 — солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд.
"Корҳои ободонӣ асосан дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ва шоҳроҳи Истиқлол ба амал омада, ду тарафи шоҳроҳ тозаву озода гардида, сокинони шаҳр дар он арча ва дигар ниҳолҳои ҳамешасабз шинониданд", — омадааст дар хабарнома.
Сокинони шаҳр якчанд майдонҳоро кабудизор ва гулкорӣ намуда, кӯчаву маҳаллаҳои хешро аз партов тоза карданд. Ҳамчунин ҳудуди корхонаҳои хешро рӯбучин, аз алафҳои бегона тоза ва танаи дарахтонро сафед намуданд.
Маҷмуъан давоми ду рӯз беш аз 20 тонна партов аз ҳудуди шаҳр бароварда шуд.
Қайд мешавад, ки чунин корҳои ободониву тозакунии муҳити атроф то ҷашни 25 — солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.