Эрдуғон ҳамроҳ бо Руҳонӣ чиро баррасӣ кард?

© Пресс-служба Президента РФ / Гузариш ба медиабонкВстреча президента РФ В. Путина с президентом Ирана Х. Рухани и президентом Турции Р. Эрдоганом
Встреча президента РФ В. Путина с президентом Ирана Х. Рухани и президентом Турции Р. Эрдоганом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Эрон, ки барои ширкат дар нишасти раисони ҷумҳури Эрон, Туркия ва Русия ба Анкара сафар кардааст, пеш аз нишасти сеҷониба, бо раисҷумҳури Туркия дидору гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории Parstoday, меҳварҳои аслии нишасти Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, равобити дуҷониба, наҳваи густариши равобити иқтисодӣ ва низ масоили мавриди алоқаи тарафайн будааст.

Встреча президента РФ В. Путина с президентом Ирана Х. Рухани и президентом Турции Р. Эрдоганом - Sputnik Тоҷикистон
Путин нақши сарони кишварҳои Эрон ва Туркия дар ҳалли буҳрони Сурияро сутуд

Панҷумин даври иҷлоси сарони сеҷонибаи Эрон Русия ва Туркия дар идомаи ройзаниҳои се кишвари зомини раванди Остона барои ҳалли буҳрони Сурия баргузор мешавад.

Сарони се кишвари Эрон, Русия ва Туркия дар ин давр аз иҷлос, ки 16 сентябр  баргузор мешавад, барои идома ва тавсеаи ҳамкориҳои сеҷониба дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ ва ҳамчунин иртибототи минтақаӣ низ гуфтугӯ хоҳанд кард.

Ҳамзамон хабаргузорӣ қайд намудааст, ки Руҳонӣ ҳамчунин дар ҳошияи иҷлоси Анкара, бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳам дидор хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0