ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин нақши сарони кишварҳои Эрон ва Туркияро дар музокироти сулҳи Сурия дар Остона барҷаста хонд.
"Бе ин музокирот амалиёти ҷангӣ дар Сурия ба поён намерасиданд", — гуфт Владимир Путин дар дидор бо ҳамтоёни эронӣ ва туркияш дар Сочӣ.
Дар ин дидор, ки соате пеш оғоз ёфтааст, раванд ва натоиҷи музокироти Остона ва оғози фарояндҳои сиёсии дохилӣ дар Сурия баррасӣ мешаванд.
Ин дидор як рӯз пас аз эъломи поёни кори "Давлати исломӣ" ва фурӯпошии расмии ҳукумати худхондаи ДОИШ дар Сурия сурат гирифтааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки ду рӯз пеш аз ин раисҷумҳури Сурия Башор Асад низ дар Сочӣ бо Владимир Путин дидор ва дар бораи ояндаи сиёсии Сурия гуфтугӯ карда буд.