Трамп аз кушта шудани писари Бен Лоден хабар дод

© © ASSOCIATED PRESSСын Усамы Бен Ладана , Хамза Бен Ладен, архивное фото
Сын Усамы Бен Ладана , Хамза Бен Ладен, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, нобуд кардани писари таъсисдиҳандаи гурӯҳи террористии “ал-Қоида” Ҳамза Бен Лоден, барои террористон аз даст додани боз як раҳбари қавӣ аст

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки низомиёни амрикоӣ тавонистанд писари таъсисдиҳандаи гурӯҳи террористии “Ал-Қоида” (мамнуъшуда дар Тоҷикистон), Ҳамза Бен Лоденро нобуд созанд.

"Ҳамза Бен Лоден узви баландпояи гуруӯҳи террористии "Ал-Қоида" ва писари таъсисдиҳандаи гурӯҳи террористии “Ал-Қоида” Усома Бен Лоден дар паи амалиёти зидди террористӣ аз ҷониби низомиёни амрикоӣ кушта шуд", - хабар медиҳад Fox News аз қавли Доналд Трамп.

Ба гуфти кишвардори амрикоӣ нобуд шудани Ҳамза нақшаҳои бузурги гурӯҳи террористиро барбод медиҳад.

Сын Усамы Бен Ладана , Хамза Бен Ладен, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Писари Усома Бен Лоден таъсисдиҳандаи гурӯҳи террористии “ал-Қоида” издивоҷ кард

"Ҳамза Бен Лоден муҳандиси нақшаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо дигар гурӯҳҳои террористӣ буд", - шарҳ додааст Трамп.

Дигар ҷузъиёти нобуд кардани террористи номӣ ифшо нашудааст.

Пештар ИМА барои маълумот дар бораи макони буду боши Ҳамза Бен Лоден мукофоти бузург - то миллион доллар ваъда карда буд.

Тобистони соли 2018 писари таъсисдиҳандаи гурӯҳи террористии “ал-Қоида” Ҳамза Бен Лоден, бо духтари террористи байналмилалӣ Муҳаммад Ато, издивоҷ кард.

Ҳамза Бен Лоден, писари Хайри Сабар, яке аз се ҳамсари зиндамондаи Усомо Бен Лоден буд.

Лентаи хабарҳо
0