Писари Усома Бен Лоден таъсисдиҳандаи гурӯҳи террористии “ал-Қоида” издивоҷ кард

© AP / CIA via APСын Усамы Бен Ладана , Хамза Бен Ладен, архивное фото
Сын Усамы Бен Ладана , Хамза Бен Ладен, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Писари таъсисдиҳандаи гурӯҳи террористии “ал-Қоида” Ҳамза Бен Лоден, бо духтари террористи байналмилалӣ Муҳаммад Ато, издивоҷ кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Писари таъсисдиҳандаи гурӯҳи террористии "ал-Қоида" (мамнуъ дар Русия) Усомо Бен Лоден — Ҳамза — бо духтари Маҳаммад Ато —роҳбари ҷангҷӯён, ки 11 сентябр ба шаҳри Ню-Йорк ҳамла карда буд, издивоҷ кард, хабар додааст рӯзномаи бритониёии The Guardian.

Дар бораи издивоҷи Ҳамза Бен Лоден, бародаронаш Аҳмад ва Ҳасан Ал-Аттас хабар доданд.

Ҳамза Бен Лоден, писари Хайри Сабар, яке аз се ҳамсари зиндамондаи Усомо Бен Лоден мебошад. Дар ҳоли ҳозир Ҳамза, муовини Аймон Ал-Завахирӣ, роҳбари ҳозираи "ал-Қоида" дониста мешавад.

Ахиран модари террористи рақами як Усомо Бен Лоден, барои аввалин бор ба нашрияи The Guardian мусоҳиба анҷом дод. Вай ба рӯзномаи мазкур дар бораи ақидаҳои террористии писараш тавзеҳ дод.

Новобаста аз он, ки аз ҳамлаи террористӣ ба Амрико 17 сол сипарӣ шудааст, ба номи Бен Лоден дар Арабистони Саудӣ эҳтиром гузошта мешавад. Дар ҳоли ҳозир, дар Арабистони Саудӣ доротарин қавм Бен Лоден дониста мешавад.

Пештар низ хабар дода шуда буд, ки Ҳамза мехоҳад шоҳигарии Арабистони Саудиро сарнагун кунад ва шаҳрҳои Маккаву Мадинаро таҳти контроли худ бигирад. Вай мехостааст аз ғарб барои кушта шудани падараш қасос бигирад. 

Лентаи хабарҳо
0