ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури тоҷикистон имрӯз зимни сафари корӣ дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳия Муъминобод меҳмонхонаи “Муъминобод”-ро ифтитоҳ кард.
Бино бар иттилои манбаъ, меҳмонхонаи “Муъминобод” аз ҷониби соҳибкор маҳалӣ Идихон Сафаров бунёд шудааст.
Иншоот дар муддати кӯтоҳ ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шудааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури таъкид намудааст, ки бунёди чунин меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Муъминобод саривақтӣ аст, зеро ин ноҳия бо табиати зебову рангин ва мавзеъҳои таърихиаш метавонад шумораи сайёҳони хориҷиро дар мамлакат афзоиш диҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур дар ҳамин ҷо бахшида ба ҷашни Истиқлолияти кишвар барои 60 нафар кӯдакони ятиму бепарастор дастархони идона ороста, ба кӯдакон аз номи Президенти Тоҷикистон туҳфаҳо супорида шуд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод ба бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ санги асос гузошт.
Манбаъ таъкид намудааст, ки боғи мазкур дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти “Деҳибаланд” ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар масоҳати умумии 6 гектар сохта мешавад.
Иншооти мазкур давоми ду сол бунёд карда хоҳад шуд. Дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия бо назардошти арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ Парчами миллӣ бо баландии 55 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 33 метр сохта мешавад.
Тибқи иттилои масъулин, дар боғи мазкур ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва баргузории чорабиниҳои идона бунёди Амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, 5 адад фаввора, 4 майдонча барои бозии кӯдакон, нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ, ду таваққуфгоҳ ва бунёди чандин иншооти дигари ёрирасону хизмтрасонӣ сохта хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва Нишону Парчами давлатиро дар муҳлати муайяншуда, яъне то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бунёд намоянд.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Муъминобод аз намоишгоҳи ҳунармандони ноҳия дидан карданд.
Дар ин намоишгоҳ сокинони ноҳияи Муъминобод намунаи беҳтарини маҳсули дасти худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Масъулин ба раисҷумҳур иттилоъ доданд, ки то эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Муъминобод 7 маркази ҳунаромӯзӣ фаъолият мекард. Бо эълони сесолаи ҳунармандӣ шумораи ин марказҳо ба 10 адад расидааст.
Дар марказҳои ҳунаромӯзии ноҳия дар маҷмӯъ 85 намуди ҳунарҳои мардумӣ омӯзонида мешаванд. Бонувони ҳунарманд талош бар он доранд, ки ҳарчи бештар ҷавондухтаронро ба ин курсҳо фаро гиранд ва дар эҳёю рушди ҳунарҳои аҷдодӣ саҳм гузоранд.
Тибқи маълумот, давоми 6 моҳи соли 2019 зиёда аз 11 ҳазор сайёҳ ба ноҳияи Муъминобод ташриф овардаанд.