Раҳмон ба таҷдиду сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Муъминобод ҳусни оғоз бахшид

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон в Бальджувонском районе Хатлонской области сдал в эксплуатацию автомобильную дорогу "Кангурт — Бальджувон — Ховалинг"
Эмомали Рахмон в Бальджувонском районе Хатлонской области сдал в эксплуатацию автомобильную дорогу Кангурт — Бальджувон — Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон оғоз ёфт ва нахуст аз маросими оғози таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод шурӯъ шуд

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод нахуст аз иштирок дар маросими Лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод” оғоз кард.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Баъд аз Роғун ва тантанаҳои ҷашнӣ дар пойтахт Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод рафт

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, масъулин ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тарҳи мазкур дар доираи марҳилаи сеюми “Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Тоҷикистон” амалӣ карда мешавад.

Иҷрои ин лоиҳа, 214,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Таъмиру навсозии 35 километр роҳ ва таҷдиди 6 пул низ дар доираи ҳамин лоиҳа сурат хоҳад гирифт.

Раҳмон: он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон ба давлати нерӯманду пешрафта табдил меёбад

Тавре манбаъ қайд намудааст роҳи автомобилгади Кӯлоб-Муъминобод аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, давоми солҳои зиёд навсозӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, ҳолати имрӯзаи ин роҳ ба талабот ҷавобгӯ нест ва боиси масрафоти зиёди роҳистифодабарандагон низ мегардид.

Дар асоси дастуру раисҷумҳур, таҷдиди ин қисмати роҳ оғоз гардид, ки нишонаи возеҳи татбиқи муваффақонаи стратегияи баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани ҷумҳурӣ ба қаламрави воҳиди транзитӣ арзёбӣ мегардад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Ситоиши Раҳмон аз рақси духтарчаи 4-сола: "аз раққосаҳои касбӣ дида беҳтар буд" - видео

“Бояд зикр кард, ки ноҳияи Муъминобод аз минтақаҳои муҳими сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, яке аз мавзеъҳои ташрифи сайёҳони хориҷӣ маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, ташкили инфрасохтори сайёҳиву бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ кафолати ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад”, - зикр намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки аснои иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод”, Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои бо суръату сифати баланд анҷом додани сохтмону азнавсозии роҳи мазкур вазифадор кард.

Лентаи хабарҳо
0