Сафари корӣ ба Муъминобод идома дорад: Раҳмон се иншооти нав ифтитоҳ кард

© Фото : Пресс-служба президента РТОткрытие новой школы в Хатлоской области
Открытие новой школы в Хатлоской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон як зумра иншоотҳои гуногунро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, субҳи имрӯз  дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Муъминобод Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Муъминобод бинои наву замонавии Додситонии ноҳияро ифтитоҳ кард.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Баъд аз Роғун ва тантанаҳои ҷашнӣ дар пойтахт Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод рафт

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, бино аз 3 ошёна иборат буда, дар он 10 утоқи корӣ, як маҷлисгоҳ ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони прокуратура тақозо кардааст, ки ба волоияти қонун арҷ гузошта, вазифаҳои хизматии хешро содиқонаву софдилона анҷом диҳанд.

Инчунин тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод, дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия ба фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил” расман оғоз бахшид.

Зимни боздид масъулин ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин иншооти табобативу солимгардонӣ дорои беш аз 100 кат, аз ҷумла 26 кати кӯдакона буда, дар ҳуҷраҳои он муосиртарин шароиту имкониятҳои  табобату солимгардонии беморони гирифтори дил фароҳам оварда шудааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар ҳамин ҷо раисҷумҳур дар вазъияти тантанавӣ ба 17 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аробачаҳои маъюбӣ тақдим кард.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар  Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил ҳамзамон як майдончаи варзишӣ бунёд карда шуда,  атрофи иншоот ба гӯшаи зебои фароғатӣ табдил дода шудааст.

Эмомали Рахмон в Бальджувонском районе Хатлонской области сдал в эксплуатацию автомобильную дорогу Кангурт — Бальджувон — Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба таҷдиду сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Муъминобод ҳусни оғоз бахшид

Сипас Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон инчунин майдончаи варзишиеро, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд шудааст, ифтитоҳ кард.

Инчунин дар шафати майдончаи варзишӣ барои машқу тамрин ва обу тоби бадан беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Муъминобод даъват кард, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.

То ҷашни 30-солагиии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод корҳои созандагиву ободонӣ босуръат идома дошта, то соли 2021 дар ҳудуди шаҳрак ва ҷамоатҳои ноҳия боз даҳҳо чунин иншооти муосири варзишӣ  ба истифода дода хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0