Кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав чӣ гуна аз байн бурда шуд?

© vk.com / kishlak80Вход в кинотеатр "Таджикистан" в Москве
Вход в кинотеатр Таджикистан в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав муҳлати на он қадар тулонӣ мавҷуд буд. Дар соли 1982 бунёд шуда, соли 2015 хезонида шуда буд. Аммо дар муҳлати қариб 33 сол ин бино яке аз ҷойҳои тамошобоби асосӣ гардида буд

 ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik, Лев Рижков. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар як ҷумҳурии аъзои ин иттиҳод ва инчунин кишварҳои блоки сотсиологӣ дар Маскав кинотеатри худро дошт. Кинотеатрҳо ба номҳои ҷумҳуриҳо ва ё пойтахтҳои онҳо номгузорӣ шуда буданд. Тоҷикистон аз ин анъана қафо намонда буд ва дар Маскав 2 кинотеатри Тоҷикистон маскун гирифта буданд.

Тӯҳфа ба Аркадий Райкин

© Sputnik / С. Жабин / Гузариш ба медиабонкЗдание театра "Сатирикон" бывший кинотеатр "Таджикистан"
Кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав чӣ гуна аз байн бурда шуд? - Sputnik Тоҷикистон
Здание театра "Сатирикон" бывший кинотеатр "Таджикистан"

Кинотеатри якуми “Тоҷикистон” дар шаҳри Маскав дар маҳали Марина Роша, кӯчаи Шереметевская хонаи 8 ҷойгир шуда буд.

“Бинои кинотеатр дар солҳои 70-уми асри ХХ бунёд шуда буд. Сохтумони он бо услуби меъмории солҳои охири даврони Шӯравӣ ва элементҳои шарқиёна сурат гирифта буд. Ин кинотеатр муҳлати дароз хидмат накард. Ба бино номи нав гузоштанд” - мегуяд нависанда ва таърихчӣ Амирам Григоров. 

Дар аввали солҳои 80-уми асри ХХ актиёри бо маҳорат, артисти халқии ИҶШС Аркадий Райкин бо тамоми ҳайаташ, ки онро роҳбарӣ мекард аз Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)  ба Маскав куч баст.

История Таджикистана на карте Москвы - Sputnik Тоҷикистон
Таърихи Тоҷикистон дар харитаи Маскав ҳамаи дастовардҳо дар як навор

Ин гуруҳ то ин дам дар хиёбони Неваи шаҳри Ленинград зиёда аз 40 сол фаъолият карда буд. Аммо дар охири солҳои 70-ум миёни Аркадий Райкин ва роҳбариятӣ ҳизбии Ленинград нофаҳмоиҳо сар зада буданд. Ӯ ва дигар ҳунармандони ҳайаташро иҷозаи баромад кардан дар телевизионҳо намедоданд.

Фарзанди ҳунарпешаи машҳур, Константин Райкин, ки нав аз “Современник”-и Маскав ба Ленинград омада будааст, ба падараш аз имкониятҳои беҳтаре дар пойтахт нақл мекунад. Синни Аркадий алакай аз 70 гузашта буд, аммо вай тасмим гирифт, ки ҳамроҳ бо ҳайаташ аз Ленинград ба Маскав куч баста, дар онҷо зиндагияшро оғоз кунад.

“Леонид Илич Брежнев Аркадий Райкинро ҳамчун ҳунарпеша дӯст медошт. Ва вақте, ки ӯ бо котиби генералӣ дар алоқа шуд, ӯ фармон дод, ки ҳамаи лавозимотро барои театр муҳайё кунанд. Ба ин ҳайат кинотеатри “Тоҷикистон” дар кӯчаи Шереметевская дода шуда буд” - мегуяд Григоров.

Худи ҳунарпеша дар соли 1987 дар ин саҳнаи нави ҳунар баромад карда буд. Баъдан театри миниатюрӣ ба “Сатирикон” номгардон шуда буд ва роҳбари ӯ писари ҳунарпешаи нотакрор – Костантин Райкин интихоб шуда буд.

© vk.com / kishlak80Вывеска кинотеатра "Таджикистан"
Кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав чӣ гуна аз байн бурда шуд? - Sputnik Тоҷикистон
Вывеска кинотеатра "Таджикистан"

Таърихи собиқ кинотеатр асосан, таъмирҳою навсозиҳои зиёдро дар бар мегирад ва то ҳол таъмиркориҳо дар он ба анҷом нарасидаанд. То соли 2005 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ таъмир мешуд, баъдан дар асоси сармоягузориҳо. Корҳои таъмирӣ аз ҳисоби ба таъхиргузориҳо ба як марҳила табдил ёфтаанд.

Дом на набережной (Дом правительства) - комплекс сооружений на Берсеневской набережной Москва-реки на Болотном острове - Sputnik Тоҷикистон
Дар меҳмонии Лоҳутӣ ва Н. Махсум: сирҳои нуҳуфтаи тоҷикон аз “Хонаи назди соҳил”-и Маскав

Сармоягузорони нав ба нав пайдо мешаванд, лоиҳаи он чандин маротиба тағйир ёфт. Кор дар он тайи 10 соли охир хуб ба пеш намеравад, намоишҳо гоҳ бошиддат гоҳо ҳатто шабона ба роҳ монда мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир “Сатирикон” – ҳамчун театри “бе толор” машҳур аст. Бисёр намоишҳояшро дар толори ҳамсоя – толори консертии “Планета КВН” баргузор мекунад.

Мувофиқи маълумотҳои сомонаи шаҳрдори Маскав, навсозиҳои бинои ин театр дар охири соли 2019 ба анҷом мерасанд.

“Бале чунин аст. Аммо, агар аз таҷрибаи ҳаётии Русия нигарем, ифтитоҳ он дар ин сол ба гумон аст. Истиснои сари вақт ба иҷро расидан нақша, низ ҷой дошта метавонад” тасдиқ мекунад дафтари матбуотии театри “Сатирик”.

Ҳоло корҳои таъмирию навсозӣ нисф нашудаанд, аммо нишонае аз собиқ кинотеатри “Тоҷикистон” боқӣ намондааст, ба ҷуз чор девори асосие, ки биноро иҳота мекунанд.

Кинотеатри нави “Тоҷикистон” дар канори шаҳр ҷой гирифт

© vk.com / kishlak80Кинотеатр "Таджикистан" в Москве
Кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав чӣ гуна аз байн бурда шуд? - Sputnik Тоҷикистон
Кинотеатр "Таджикистан" в Москве

Қарор дар бораи супурдани кинотеатри “Тоҷикистон”  ба Аркади Райкин дар ёдбуди 60-солагии ИҶШС дар соли 1982 қабул карда шуда буд. Он вақт аз харитаи Маскав биное, ки барандаи номи яке аз кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд нест шуд. Дар ин ҳол ба кинотеатре дар гушае аз Маскав – Страгино "Тоҷикистон" ном ниҳоданд.

Павильон Таджикской ССР на ВДНХ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сирри нест шудани дукони намоишии Тоҷикистон дар ВДНХ-и Маскав  

“Кинотеатр дар кӯчаи маршал Катуков, хонаи 8, дар соли 1982 бунёд шуда буд. Чунин кинотеатрҳо ба монанди Бойканур, Будапешт, дар ноҳияҳои гуногуни Маскав пайдо шудан гирифтанд. Ин бино дар шакли ҳарфи П бо деворҳои мармарин ва дихилаш шишапӯш бунёд шуда буд” - мегуяд Амирам Григоров.

Дар аввал бояд ин кинотеатр “Страгино” ном мегирифт, аммо дар фарҷоми ба истифодадиҳӣ “Тоҷикистон” номгузорӣ шуд.

“Деворҳои рӯйпӯш бо шиша дар кинотеатрҳо алакай дар замони Шӯравӣ пайдо шуда буданд. Муаллифони ин идея Александр Гегелло ва пайрави ӯ Давид Кричевский буданд. Аз соли 1933 то 1935 онҳо дар Маскав кинотеатри “Гигант”-ро бунёд карда буданд ва алакай дар он вақт деворҳои шишапӯш пешниҳод карда буданд. Ин дар солҳои 30-юм як навоварӣ буд. Аммо дар даврони Брежнев пайравони Гегелло ва Кричквский корри онҳоро такмил доданд” - мегуяд Григоров. 

Кинотеатр “Тоҷикистон” бошад аз қатори биноҳои ин замон мебошад. Дар сангҳои мармари кинотеатри “Тоҷикистон” навиштаҷотҳо бо ҳуруфи арабӣ сабт шуда буданд, ки ин на он қадар аҷобати хосси миллӣ дошт.

Қишлоқи худ

© Sputnik Стройка на месте кинотеатра "Таджикистан"
Кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав чӣ гуна аз байн бурда шуд? - Sputnik Тоҷикистон
Стройка на месте кинотеатра "Таджикистан"

Сокинони ин маҳал ба зуди кинотеатри навро дӯст доштанд ва онро “Қишлоқ” ҳам ном мебурданд. Киногтеатри “Тоҷикистон” ба маҳали вохӯрӣ ва фароғатии пиру ҷавон табдил ёфта буд.

История Таджикистана на карте Москвы: ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон
Хурд, аммо пур аз ороиш – дукони Тоҷикистон дар ВДНХ-и Маскав чӣ гуна буд? - Навор

Чиптаҳоро барои хонандагон бар ивази баҳои аъло тақдим мекарданд. Дар он ҷо баъзе чорабиниҳои кӯдакона низ гузаронида мешуданд. Меҳмононро Галина Георгиевна, директори кинотеатр, ки алакай барои ҳамагон шинос буд, ба барномаҳою чорабиниҳо шинос мекард.

Новобаста аз он, ки кинотеатри нави "Тоҷикистон" на он қадар хусусиятҳои шарқиёна дошт, табъи меҳмонони аз ҷумҳурӣ ба Маскав омадаро болида мегардонид.

Мутаассифона аз соли 1990 инҷониб, кинотеатри "Тоҷикистон"барҳам дода шуда, дар ҷойи он ширкати тиҷории хурде маскун гирифтанд. Деворҳои шишапӯши он ҷои рекламагузории тоҷирон гардид. Навиштаҷоти “Тоҷикистон” дар даромадгоҳи ин бино дар шомгоҳон аз чароғон шудан  боз монд.

“Ман соли 1991 дар ин кинотеатр будам ва филми “Унесенние ветером”-ро тамошо кардем. Дар он замонҳо ҳангоми тамошои кино сигор кашидан ҳам мумкин буд.  Хулас ин як кинотеатри одии оғози солҳои 90-ум буд”, - нақл мекунад Григоров.

Дар соли 2001 ин толори киноро бастанд ва онро ба соҳибкорон ҳамчун иҷора  супурдан гирифтанд. Дар онҷо утоқи банк, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва дигар дуконҳои тиҷорӣ пайдо шуданд.

Дар аввалҳои соли 2010 аз “Тоҷикистон”-и пешин нишоне боқӣ намонда буд. Ва пайдошавии бозорҳои зиёд, махсусан дар Маскав, кори тоҷирони хурдро душвор намуд ва бинои кинотеатри “Тоҷикистон” қариб, ки нодаркор шуд.

Танҳо Галина Георгиевна аз тақдири ин бино назорат мекард, то ки  бинои партофташуда ба макони хатарнок табдил наёбад.

Кинотеатри нав ба ҷои “Тоҷикистон”

© Официальный сайт мэра МосквыПроект досугового центра на месте кинотеатра "Таджикистан" в Москве
Кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав чӣ гуна аз байн бурда шуд? - Sputnik Тоҷикистон
Проект досугового центра на месте кинотеатра "Таджикистан" в Москве

Дар соли 2010 ҳукумати Маскав лоиҳаи наверо баҳри барқарорсозии 39 кинотеатри Шӯравӣ, ки бо номҳои ҷумҳуриҳо ва шаҳрҳои кишварҳои аъзо ба монанди Боку, Уланбатор, Қирғизистон ва ғайраҳо номгузорӣ шуда буданд, ба роҳ монд.

Портреты Мирзо Бабаджанова в Центральном музее Вооруженных Сил СССР  - Sputnik Тоҷикистон
Собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон, чӣ гуна пулемёти ҷангиашро дар осорхонаи Маскав шинохт?

Ҳукумати шаҳр баҳри муайянсозии тақдири кинотеатри “Тоҷикистон”, ки ба як бозори пур аз пасмондаҳои молу коло ва лавҳаҳои рекламавӣ табдил ёфта буд, хело фикр карданд.

Бино зиёд хароб шуда буд, ба ин хотир дар соли 2014 ба қароре омаданд, ки биноро аз байн бурда дар ҷояш бинои нав сохта, дар охири соли 2019 маркази фарҳангию фароғатии “Страгино”-ро ифтитоҳ намоянд.

Дар бино нав толори консертӣ 510 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0