Миёни Тоҷикистону ВДНХ, Институти шарқшиносӣ, кинотеатри “Тоҷикистон”, Хонаи назди соҳил, қабристонҳои “Донское” ва “Новодевичие”, осорхонаи “Шарқ”, Хона дар Никисткий хурд, Кремл ва Осорхонаи марказии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС чӣ умумияте маҳфуз аст? Тааҷҷубовар аст, аммо ҳамаи онҳо бо Тоҷикистон алоқаи хосса доранд.
Ҳар яке аз ин мавзеъҳои Маскав бевосита ба ҷумҳурии ҷавоне дар Осиёи Марказӣ, ки онро Тоҷикистон ном аст, алоқаи махсус доранд. Дар давраҳои гуногун фарзандони машҳуру маъруфи тоҷик дар Маскав ҳаёту фаъолият намуда, аз худ ва Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърих хотираҳои ҷадиде боқӣ гузоштаанд.
Аммо бо гузашти айём хотираҳо дар бораи чунин шахсиятҳои фарзонаи миллат чун Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Абдурраҳим Ҳоҷибоев, Мирзо Бобоҷонов рӯ ба фаромӯшӣ ниҳода истодаанд. Аммо хизмати онҳоро баҳри пойдорӣ ва рушди Тоҷикистону миллати тоҷик баҳо додан мушкил аст.
Ҳазорҳо зодагони Тоҷикистон ҳаррӯза дар кӯчаҳои Маскав сайру гашт мекунанд, аммо бехабар аз он, ки дар ин ё он бинои пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ хотирае аз фарзонагони миллати тоҷик ниҳон аст. Дар ин биноҳои безабон хотираҳои орифону маорифпарварон, ходимону инқилобчиён ва шоирону соҳибфикрони миллати тоҷик ҷой доранд.
Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар лоиҳаи нави худ аз мавқеъҳою хотираҳои алоқаманд бо Тоҷикистону фарзонафарзандони ӯ ёдовар шавад.
Sputnik Тоҷикистон ба коргардони маъруф Давлат Худоназаров, Сафарбек Солиев, Лайло Лоҳутӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, дафтари матбуотии ВДНХ , Пажуҳишгоҳи Шарқшиносии АИР ва Осорхонаи Шарқ барои дастгирӣ ва кумакҳояшон дар пайдо намудани маълумот ва сабти наворҳо миннатдории худро мерасонад.
Хоҳишмандон метавонанд нашрияҳои лоиҳаи Sputnik Тоҷикистонро пайгирӣ намуда, аз маълумотҳои муҳими нуҳуфта дар қалби Маскав огоҳ шаванд.