Дар меҳмонии Лоҳутӣ ва Н. Махсум: сирҳои нуҳуфтаи тоҷикон аз “Хонаи назди соҳил”-и Маскав

© Sputnik / Стас ЭтвешДом на набережной (Дом правительства) - комплекс сооружений на Берсеневской набережной Москва-реки на Болотном острове
Дом на набережной (Дом правительства) - комплекс сооружений на Берсеневской набережной Москва-реки на Болотном острове - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Машҳуртарин хонаи истиқоматии Маскав дар кӯчаи Серафимович, ки бо номи “Дом на набережной” - “Хонаи назди соҳил” машҳур аст, бевосита ба таърихи сохтани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсисалистии Тоҷикистон сахт алоқа дорад

 ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik, Лев Рижков. Дар машҳуртарин хонаи назди соҳил – собиқ Хонаи Якуми Шӯро дар Маскав роҳбарони Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии Сотсиалистӣ, вазирон, роҳбарони мақомоти қудратӣ, ҳунармандон, нависандагон, аз ҷумла се истиқоматкунандаи машҳури ин хона аз Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд. Барои дуи онҳо ин Хона охирин макони истиқомат ба шумор меравад, ки таърихи даҳшатноки ин биноро зиёдтар гардонида буданд.

Чойнӯшии Лоҳутӣ бо Горкий

Хонаи назди соҳили дарёи Маскав, маҷмааи калони истиқоматие мебошад ки дар ҷазираи Болоти пойтахти Русия ҷойгир шудааст. Дар бораи ин хона китобҳои навишта, филмҳо сабт намудаанд. Ин бино дар наздикии Кремл ҷойгир шудааст. Ин хонаи биёрҳуҷрага соли 1931 дар асоси нақшаи меъмори машҳури Шӯравӣ Борис Иофан, ки аз Италия барои сохтани он ба таври фаврӣ оварда шуда буд, сохта шудааст.

Ҳоло дар ин хонаи машҳур қариб 500 ҳуҷра ба қайд гирифта шуда, дар бинои он мувофиқи нақшаи ин маҷмаа кинотеатри “Ударник”, Театри эстрада, супермаркет ва музей ҷойгир шудааст.

Сафи одамоне, ки дар ин бино зиндагӣ кардаанд ва номашон ба таърихи ин давраи ҳастии башарият сабт шудаанд хело зиёданд, ки дар ҳар як гӯшаи деворҳои ин бино ёддоште навишта шудааст. Аммо, мутаасифона  навиштаҷоте бо ёдоварӣ аз қаҳрамонҳои миллати тоҷик, поягузорони ҷумҳурии нав пайдо карда намешавад.

Аз ҳама зиёд дар ин хона аз намояндагони тоҷикон Абулқосим Лоҳутӣ зиндагӣ кардааст. Вай дар яке аз ҳуҷраҳои ин хона дар аввалҳои солҳои 1930, ҳангоми бунёди Иттифоқи нависандагон дар ИҶШС ҷой карда шудааст. Лоҳути – намояндаи адабиёти советии тоҷик бо Максим Горкий хело зиёд суҳбат мекардааст.

Аммо ӯ дар ин хона ба таври доимӣ зиндагӣ намекардааст. Лоҳутӣ ба Тоҷикистон зиёд сафар мекардааст ва тули солҳо ба Маскав бар намегаштааст. Дар солҳои 50-ум Лоҳутӣ маҷбур буд ба таври доимӣ, аз сабаби бемории вазнин ва қисман муноқиша бо роҳбарияти вақтии ҷумҳурӣ тарки Тоҷикистон кунад.

“Лоҳутӣ соли 1957 ин дунёро падруд гуфт, нақл мекунад роҳбалади мо оид ба мавзеъҳои алоқаманд ба Тоҷикистон дар Маскав ва коргардони машҳур Давлат Худоназаров. – Вай бемори вазнин шуда буд ва табибон ӯро ба санатория барои сиҳат ёфтан ба Подмосковие фиристоданд. Лоҳутӣ дар Подмосковие ин дунёро падруд гуфт”.

Ҳуҷраи бехосият

Дар ҳуҷраи №387-и хонаи машҳур дар назди соҳили дарёи Маскав ду инқилобчии тоҷик – роҳбари Кумитаи иҷроияи марказии Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва дуюмин роҳбари Шӯрои комиссари халқии Ҷумҳурии Автономии Тоҷикистон Абдуррахим Ҳоҷибоев зиндагӣ мекарданд.

“Ҳуҷраи №387 иборат аз ду табақа, ки ҳар яке дорои ду утоқ аст иборат мебошад. Аммо аз рӯи ҳуҷҷат вай ҳамчун як ҳуҷра таҳти як рақам ба қайд гирифта шудааст. Дар як табақаи ду утоқааш Нусратулло Махсум бо оилааш ва дар дигараш Абдуррахим Ҳоҷибоев зиндагӣ мекарданд”, - мегуяд Давлат Худоназаров.

Нусратулло Махсум аз миёни деҳқонон баромада буд. Вай дар деҳа дар ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт)  ба воя расида буд. Бо даромади деҳқонӣ қаноатманд нашуда барои кор ба шаҳр рафт, дар Қуқанд кор кард, баъдан барои иштирок дар ошубе аз кор пеш карда шуд. Баъдан ба деҳа баргашт.

Нусратулло дар Қуқанд забони русиро омухта буд, ки ин ҳангоми даромадани Армияи Сурх дар солҳои 20-уми асри гузашта ба Аморати Бухоро ба ӯ сахт лозим шуд. Нусратулло дар сарнагун сохтани амири Бухоро иштирок намуда буд.

Деҳқонбачаи русидонро тез ба кор ҷалб намуданд. Вай алакай баъди 3 сол роҳбари Кумитаи инқилоби муваққатии Ҷумҳурии Автаномии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон, яъне шахси аввалини ҷумҳурии навтаъсис таъин гардид. Дар соли 1929 Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ ба ин иттиҳод шомил гардид, ки роҳбари Кумитаи марказии иҷроияи ҷумҳури Нусратулло Махсум интихоб гардид.

Дар соли 1933 даҳшате болои сари роҳбарони Тоҷикистони навтаъсис омад. Сабабаш ин баҳамоии деҳқонон буд. Ба Маскав хабар доданд, ки дар Тоҷикистон сохтумони савхозу колхозҳо бисёр суст ба роҳ монда шудааст. Ин хабар Сталинро ба хашм овард ва хашми ӯ сабаби на танҳо аз вазифа дур гаштани роҳбарони вақтии Тоҷикистон гардид, балки ҳаёти чанде аз онҳоро аз байн бурд. Аммо бахти Нусратулло Махсум омад карду, ӯро аз вазифаҳояш озод намуда барои таҳсил ба Маскав даъват намуданд. Дар хонаи назди соҳил, дар наздикии Кремл ӯро ҷой карданд ва худи асосгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад донишҷӯйи Академияи нақшавии Иттиҳодияи Шӯравӣ гардид.

Баъдан 8 июли соли 1937 Нусратулло Махсумро ҳабс намуда, 31 октябри ҳамон сол ба қатл расониданд. Байни мардум овозае паҳн шуда будааст, ки Нусратулло тафтишотчие, ки ӯро зери лату куб қарор дода будааст бо мушт зада будааст ва ҳангоми пурсиш паронда шудааст.

Дар ҳамон рӯз дигар истиқоматкунандаи ҳуҷраи №387 Абдурраҳим Ҳоҷибоев зиндони шуда будааст. Ҳоҷибоев дар Хуҷанд ба дунё омада, дар мактаби русӣ-туземӣ  - мактабҳои омӯзиши ибтидоӣ, ки бо ташаббусси маъмурияти Рус дар Туркистон дар асри XIX ва аввали саддаи XX бунёд шуда буданд чунин ном доштанд, таҳсил карда буд.

Абдурраҳим Ҳоҷибоев забони русиро медонист ва ин сабаб шуд, ки ӯ дар оянда ба зинаҳои баланди мансабдорӣ расад. Вай яке аз коммунистҳои аввалини Тоҷикистон буд. Ҷавони хуҷандӣ дувумин роҳбари Комиссариати Шӯрои Халқӣ гардид, аввалин роҳбари Комиссариати Шӯрои Халқии Тоҷикистон – Абдулқодир Муҳиддиновро дар соли 1934 барои бисёр суст “колективизатсия” шудани халқ паронида буданд.

Ҳамон вақт Абдурраҳим Ҳоҷибоевро аз вазифааш озод намуда ба Маскав фиристода буданд. Мисли Нусратулло Махсум ӯ низ ба омӯзиши иқтисодиёт дар Институти профессураи сурх оғоз кард. Ҳоҷибоевро дар як рӯз бо Нусратулло равонаи зиндон карда буданд, аммо ӯро дертар ба қатл расониданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо ӯро дар майдони тирандозии “НКВД” дар Коммунарка ба қатл расониданд.

“Нусратулло ва Ҳоҷибоев ба пуррагӣ сафед карда шудаанд. – Аммо навиштаҷоту ёддошт дар бораи онҳо дар қабати ин Хона то ҳол вуҷуд надорад. Ҳамчунин дар бораи Лоҳутӣ низ ёддоште нест. Умедворам, ки мерасад рӯзе, ки дар деворҳои хонаи назди соҳил дар Маскав ёддоште дар бораи шарафмардони миллати тоҷик, ки ифтихори миллат ва аз аввалин асосгузорони давлати Тоҷикистон мебошанд, пайдо хоҳад шуд”, - мегуяд Давлат Худоназаров.

Баъдан қатли ду абармарди миллати тоҷик аз хонаи назди соҳил як ҷузъи хурдакаки афсонаҳо дар бораи ин хонаи даҳшатбор барои он замон гардид.  

Дар бораи он, ки дар утоқҳои махфии ин хона ва роҳравҳои он “агент”-ҳои НКВД пинҳон будаанд ва шабу рӯз аз қафои истиқоматкунандагони он назорат мебурдаанд ва инчунин дар солҳои “терори калон” одамонро аз он ҷо рост ба майдони тирпаронӣ бурда мекуштаанд. Агар овозаҳо дар бораи назоратчиёни пинҳонӣ бофта бошанд, аммо даҳшатҳо дар бораи қурбониёни солҳои 30-юм ҳақиқат доранд.

Ғайр аз Нусратулло ва Ҳоҷибоев аз соли 1935 то соли 1939 ҳудуди 700 одам ба қатл расонида шуданд, ки миёни онҳо маршалҳо Михаил Тухачевский ва Василий Блюхер, ходимони ҳизби Алексей Риков, Моисей Колманович, Павел Постишев ва дигарон буданд. Баъзан одамонро ба таври оилави равонаи зиндон мекарданд то охири солҳои 30-юм ҳуҷраҳои ин хона 3-4 маротиба соҳибҳояшонро иваз карда буданд.

Миёни омма муддатҳои дароз ин хонаро “зиндон дар Берсеновский” ва “Қасобхонаи Кремл” меномиданд. Имрӯзҳо, низ роҳбаладони шаҳри Маскав ба саёҳон воқеаҳо дар бораи ин хона, ки гуё то ҳол дар он ҷо руҳи болшевикҳо пайдо мешаванд нақл мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0