Сармоягузории 16 миллиард сомонӣ ба рушди энергетикаи Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки феълан барои рушди соҳаи энергетика татбиқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16 миллиард сомонӣ идома дорад

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik.  Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни суханронӣ дар НБО “Роғун” изҳор дошт, ки дар доираи ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ то ба имрӯз 7,6 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар НБО Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Аз дудилагии Раҳмон то дастури қатъӣ ба Расулзода: кори намешуданӣ нест-акс

Ӯ илова намуд, ки вақтҳои охир бо шарикони рушд як қатор созишномаҳо ба имзо расонида шуданд, ки ҳадафи онҳо таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда, яъне “Норак”, “Қайроққум” ва “Сарбанд” мебошад.

“Маблағи ҷалбшуда барои татбиқи лоиҳаҳои “Азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим” – 200 миллион, марҳалаи аввали барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии ”Норак” - 350 миллион ва нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” беш аз 136 миллион доллари амрикоӣ, дар маҷмӯъ, 7 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медиҳад”, - изҳор дошт раисиҷумҳур. 

Расонаҳо: Тоҷикистону Ӯзбакистон ба густариши ҳамкориҳо ниёз доранд

Эмомалӣ Раҳмон тавзеҳ дод, ки дар баробари бунёди иншооти нави энергетикӣ таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳҳои амалкунандаро низ босуръат пеш рафта истодааст.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси “Роғун” дар ҳузури президент: Расулзода гуфт, чархаи 1 бояд 2019 фаъол мешуд(ВИДЕО)

Ӯ таъкид намуд, ки рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар нақши калидӣ мебозад.

Раисиҷумҳур зикр кард, ки бунёд гардидани нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-22”, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва силсилаи нерӯгоҳҳои хурд зиёда аз 1900 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон ба давлати пешрафта мубаддал хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0