Аз дудилагии Раҳмон то дастури қатъӣ ба Расулзода: кори намешуданӣ нест-акс

© дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар НБО "Роғун"
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар НБО Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон иқрор шуд, ки дар мавриди фаъолсозии "Роғун" аввал баъзан худаш ҳам дудила мешуд, аммо боварӣ ҳосил кард, ки агар ниятҳо нек бошанд, кори намешуданӣ нест

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз баъди фаъолсозии чархаи дуюми нерӯгоҳи “Роғун” дар назди сохтмончиён сухан ронда, иқрор шуд, ки дар сафарҳои аввале, ки ба майдони нерӯгоҳ дошт, баъзан фикр мекард, ки оё мо аз уҳдаи сохтмони ин иншооти бузург мебароем ё не.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, чунин фикрҳо на танҳо миёни мардум ва сиёсатмадорони дохилию хориҷӣ ҷой доштанд.

“Худи ман дар ҳайрат мемондам, оё  бунёд кардан метавонем ё не. Имрӯз шоҳид гаштам. Агар мақсадҳою ниятҳо нек бошанд, кори намешуданӣ дар дунё нест”, - таъкид кард Раҳмон.

Ӯ фаъолсозии “Роғун”-ро ҳосили иқтидори халқи тоҷик, сарҷамъию сулҳу суботи давлати тоҷикон хонда, ба сохтмончиён сипос гуфт.

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми фаъолсозии чархаи дуюми НБО "Роғун"
Аз дудилагии Раҳмон то дастури қатъӣ ба Расулзода: кори намешуданӣ нест-акс - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми фаъолсозии чархаи дуюми НБО "Роғун"

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки тамоми талошро мекунад, то нерӯгоҳ бе маблағу бе маводи сохтмонӣ намонад. Ӯ афзуд, кӯшиш карда истодааст, ки муҳлати ба истифодадиҳии пурраи нерӯгоҳро камтар кунад ва таъкид намуд, ки чунин имкониятҳо мавҷуданд.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси “Роғун” дар ҳузури президент: Расулзода гуфт, чархаи 1 бояд 2019 фаъол мешуд(ВИДЕО)

Қаблан Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бархе тафсилоти суҳбат бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон атрофи фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” - ро ироа карда буд.

Нахуствазири Тоҷикистон гуфт, якҷоя бо мушовирони байналмилалӣ ва мутахассисони ватанӣ ҷадвали кориро тартиб доданд, ки тибқи он бояд чархаи аввали “Роғун” охири соли 2019 ба истифода дода мешуд.

Расулзода дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” гуфт, ҷадвали мазкурро ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд. Раисиҷумҳур аз мутахассисон хостааст, ҷадвалро пешаш ниҳанд то омӯзад ва баъди чанд лаҳза онҳоро даъват карда, вазифа гузоштааст, ки чархаро моҳи ноябри соли 2018 фаъол кунанд.

Раҳмон ба 42 сохтмончиёни НБО Роғун мукофотҳои давлатӣ дод

Нахуствазири Тоҷикистон таъкид намуд, ки бидуни истодагарӣ ва серталабии раисиҷумҳур фаъолсозии чархаи аввали “Роғун” дар моҳи ноябри соли 2018 ғайриимкон мебуд.

Чархаи аввали "Роғун" моҳи ноябри соли 2018 ва чархаи дуюм 9 сентябр дар рӯзи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба фаъолият оғоз кард.

Қоҳир Расулзода изҳор дошта буд, ки озмуну заҳматҳо ҳанӯз дар пешанд ва изҳори боварӣ намуд, ки тибқи ҷадвал фаъолсозии агрегатҳои “Роғун”-ро таъмин карда, то соли 2029 иншоот пурра супорида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0