Ободкории се соҳибкор дар Ҳисор: аз боғи зимистона то кӯдакистон

© Sputnik / Стас ЭтвешТерритория Гиссарской крепости, архивное фото
Территория Гиссарской крепости, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Адураззоқ Саидов, соҳибкори муваффақи Ҳисор дар ин шаҳр боғи зимистона бунёд кардааст, ки дар он баробари дарахтони гуногуни ороишию мевадиҳанда инчунин тарабхона ва маҷмааи фарҳангию фароғатӣ ҷойгир мебошад

ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Саидов бо бунёди боғи зимистона беш аз 20 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин кардааст, хабар дод “Ховар”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумуҳур ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдор ҳангоми ифтитоҳи “WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts” - Sputnik Тоҷикистон
Наврӯз Усмонов нахустин меҳмонхонаи “WYNDHAM Dushanbe” месозад

Манбаъ аз қавли Изатулло Бобоев, раиси Ҷамоати деҳоти Ҳисор афзудааст, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор корҳои бунёдкорӣ босуръат идома доранд.

“Бархе аз иншооти ҷашнӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Зафар Олимов  ва  Икром Баҳодуров мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифтанд. Инҳо- ду корхонаи  паррандапарварӣ барои парвариши 60 ҳазор мурғ дар деҳаи Ҳуснобод, нуқтаи фурӯши  масолеҳи сохтмонӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, мағоза ва сартарошхона дар деҳаи Гулханӣ,  Маркази саломатӣ, мағоза ва чойхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, таъмир ва шустушӯи  нақлиёт дар деҳаи Ҳаёти Нав ва мағозаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мебошанд”, - иттилоъ додааст Бобоев.

Рейд ё машварат: масъулини "Тоҷикстандарт" аз соҳибкорони бозори “Корвон” чӣ хостанд?

Ӯ афзудааст, ки инчунин бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ   муассисаи томактабӣ  барои  250 нафар  кӯдак то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода  мешавад.

Манбаъ зикр намудааст, ки ҷамоати деҳоти Ҳисор  соли 1932 таъсис дода шуда, дорои   25 деҳа ва 38 ҳазор аҳолӣ буда, сокинони он асосан ба тиҷорат ва кишоварзӣ –обчакорӣ ва боғдорӣ машғуланд.

Лентаи хабарҳо
0