Наврӯз Усмонов нахустин меҳмонхонаи “WYNDHAM Dushanbe” месозад

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумуҳур ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдор ҳангоми ифтитоҳи “WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумуҳур ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдор ҳангоми ифтитоҳи “WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts” - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибкор Наврӯз Усмонов дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи “WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts”-ро месозад, ки дараҷаи 5 ситорадор хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 4 сентябр дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрории ноҳияи Исмоили Сомонӣ  барои оғози корҳои сохтмонӣ дар Меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии “WYNDHAM  Dushanbe hotel & Resorts” санги асос гузошт.

Заседание правительства Таджикистана 29 декабря 2014 года. Фото: пресс-служба президента РТ - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Ҳукумат: КВД “Талко” барҳам мехӯраду ҷамъияти нав ташкил мегардад

Манбаъ афзуд, ки меҳмонхона барои қабули меҳмонон 103 адад ҳуҷра бо 300 кат, аз ҷумла, ҳуҷраи президентӣ, 2 супер-люкс, 20 адад ҳуҷраи люкс, 20 адад полюлюкс ва 60 ҳуҷраи стандартӣ сохта мешавад.

Котиботи раисиҷумҳур таъкид кард, ки иншооти нав дар 2 сол аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Усмонов бунёд мегардад ва баъди мавриди истифода қарор додани он беш аз 240 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки бренди “WYNDHAM hotel & Resorts” яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ буда, зиёда аз 9200 меҳмонхонаро дар бар мегирад.

Рынок Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдорӣ теъдоди бозорҳо, кӯл, тарабхона ва ошхонаҳои миллиро дар Душанбе гуфт

Дар зиёда аз 80 давлати шаш қитъаи олам хизматрасонӣ мекунад ва 36 меҳмонхонаи “WyndhamGrupp” дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолият менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба меҳмонхонаи “WYNDHAM” сохта мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон зимни оғози сохтмон ба соҳибкорон барои иқдомашон дар ободонии пойтахт баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъёрҳои миллӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, нақшу нигори миллӣ дар вақти ороишоти дохил ва беруни иншоот, масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, аз қабили сангҳои ороишӣ, тайёр кардани кадрҳои болаёқати хизматрасон, таъсиси гушаҳои фуруши молу маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва дигар корҳои ободонӣ даъват намуд.

Лентаи хабарҳо
0