https://sputnik.tj/20190905/Vazorat-maorif-deha-Navobod-VMKB-tolor-varzish-mesozad-1029795902.html
Вазорати маориф бо харҷи 1 миллион сомонӣ дар деҳаи Навободи ВМКБ толори варзишӣ месозад
Вазорати маориф бо харҷи 1 миллион сомонӣ дар деҳаи Навободи ВМКБ толори варзишӣ месозад
Sputnik Тоҷикистон
Бо тасмими Вазорати маорифи Тоҷикистон муҳасcилини макотиби таҳсилоти миёнаи рақами 28 дар деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон соҳиби толори замонавии варзишӣ... 05.09.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-09-05T11:52+0500
2019-09-05T11:52+0500
2021-04-19T16:36+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102538/79/1025387950_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_b8cdc321407570c3691458e458a2e66b.jpg
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102538/79/1025387950_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_f65daf1e98e5dae579f04a9ad635f254.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маориф, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, вмкб
маориф, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, вмкб
Вазорати маориф бо харҷи 1 миллион сомонӣ дар деҳаи Навободи ВМКБ толори варзишӣ месозад
11:52 05.09.2019 (Навсозишуда: 16:36 19.04.2021) Бо тасмими Вазорати маорифи Тоҷикистон муҳасcилини макотиби таҳсилоти миёнаи рақами 28 дар деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон соҳиби толори замонавии варзишӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Сохтмони толори варзишӣ дар деҳаи Навободи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ибтикори Вазорати маорифи Тоҷикистон сурат мегирад.
Бар хабари агентии Ховар, феълан дар деҳаи мазкур сохтмони толори варзишӣ идома дорад ва дар назар аст, ки пас аз як моҳ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расанд.
Файзов ба масъулини маориф: дохилшавӣ ба донишгоҳҳо қонеъкунанда нест
Бо бунёд ёфтани толори мазкур хонандагони ин муассисаи таълимӣ дар фасли зимистон низ ба тамрини намудҳои гуногуни варзиш метавонанд машғул шаванд.
Барои бунёди толори мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷудо гардида, даҳаи аввали моҳи октябр он ба истифода дода мешавад.
Истеҳсоли либоси мактабӣ дар Хоруғ: Файзов гуфт нарх бояд дастрас бошад
Ба гуфтаи муҳандиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Бунёд" Ҳокимшо Манзаршоев, феълан 70 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, пас аз як моҳ толори мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.