ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе қарор кардааст, ки оби канали дериватсионӣ аз сарбанди НБО-2 то ҳавзи фишории НБО-3 ба муддати як шабонарӯз - аз соати 22:00-и санаи 3 сентябри соли 2019 то соати 22:00-и санаи 4 сентябри соли 2019 қатъ карда шавад.
Шаҳрдорӣ тавзеҳ додааст, ки дар ҳолати қатъ намудани интиқоли об дар канал, фаъолияти истгоҳи обтаъминкунии "Фишорӣ" боз дошта мешавад.
Манбаъ таъкид намудааст, ки дар натиҷа обрасонӣ дар қаламрави ноҳияи Сино, дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии "Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе", КВД "Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ", ҶДММ "Кохи Наврӯз" ва кӯчаи Варзишгарон мутаваққиф мешавад.
"Инчунин интиқоли об дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Ҳ.Шерозӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон ба муддати як шабонарӯз аз соати 22:00 санаи 3 сентябри соли 2019 то соати 22:00 санаи 4 сентябри соли 2019 қатъ мегардад", - омадааст дар иттилоия.
Рустами Эмомалӣ раисони ноҳияҳо ва корхонаи "Обу корези Душанбе"-ро муваззаф кардааст, ки дар давраи иҷрои корҳои таъмирӣ бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои беобмондаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.