Эмомалӣ Раҳмон корхонаи боҳашамати "Сиёма" -ро ифтитоҳ кард - акс

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана на открытии нового завода "Сиёма" в Душанбе
Президент Таджикистана на открытии нового завода Сиёма в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, корхонаи "Сиёма" аз рӯи стандартҳои эътирофгардидаи ҷаҳонӣ фаъолияти худро роҳандозӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонии Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии "Сиёма"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо хати истеҳсолӣ ва имкониятҳои он аз наздик шинос шудаанд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, корхонаи мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои роҳбари давлат аз ҷониби ҶДММ "Авесто Гурӯҳ" бунёд ёфта, имконият дорад, ки дар як сол ба ҳисоби як басти корӣ 33 миллион литр обро истеҳсолу ба харидорон пешниҳод намояд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Орзуи Қаҳҳор Маҳкамов ва қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Сиёма”

Гуфта мешавад, ки иншооти мазкур бо муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, сифати ҳамаҷонибаи маҳсулоти омодашударо дастгоҳҳои насбшуда таъмин хоҳанд кард.

Ба иттилои масъулин, технологияи насбшудаи корхонаи мазкур истеҳсоли ширкати маъруфи "Сидел"-и Фаронса буда,  он дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ фаъолият мекунад.

Муҷаҳҳазсозии Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии "Сиёма" -ро мутахассисон аз Ҷумҳуриҳои Фаронса, Италия, Полша, Чехия, Русия, Сербия, Мексика, Аргентина ва Испания анҷом дода, технологияи "Сидел" пурра ба таври автоматӣ фаъолият менамояд.

Тавре ба раисиҷумҳур иттилоъ додаанд, дар корхона диққати аввалиндараҷа ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардида зоҳир гардида, хати истеҳсолӣ бо филтри тозакунии чорзинагӣ таъмин мебошад.

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана на открытии нового завода "Сиёма" в Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон корхонаи боҳашамати Сиёма -ро ифтитоҳ кард - акс - Sputnik Тоҷикистон
Президент Таджикистана на открытии нового завода "Сиёма" в Душанбе

Аз ҷумла, барои таъмини сифати хуб ва мутобиқсозии он ба талаботи ҷории байналмилалӣ  об аз филтрҳои кварсӣ, карбонӣ, керамикӣ ва ионикунӣ гузаронида мешавад.

Дар ин баробар ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулот ва ҳифзи саломатии истеъмолкунанда низоми азоникунанда низ дар корхонаи тозабунёд истифода бурда мешавад, ки тадбирҳо сифати ҳамаҷонибаи маҳсулотро таъмин хоҳанд кард.

Кахор Махкамов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обе, ки Қаҳҳор Маҳкамов орзу дошт ба Душанбе расонад, ба Боку рафт

Истеҳсоли обҳои газнок, бегаз ва обҳои хуштаъм дар зарфҳои пластикӣ ва шишагии гуногунҳаҷм ба роҳ монда шуда, намуди зоҳирӣ ва сифати он ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.

Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи мазкур имконият медиҳад, ки минбаъд дар ин ҷо на танҳо маҳсулоти воридотивазкунанда, балки ба содирот нигаронидашуда низ истеҳсол карда шавад, зеро ин корхона аз рӯи стандартҳои эътирофгардидаи ҷаҳонӣ фаъолияти худро роҳандозӣ кардааст.

Ба иттилои масъулин, ҳангоми васлу насби хати истеҳсолӣ дар асоси қарордодҳои баимзорасидаи Ширкати “Авесто Гурӯҳ” ва “Сидел”-и Фаронса мутахассисони маҳаллӣ аз курси омӯзишӣ гузашта, тартиби истифодаи технологияро пурра аз худ намуда, феълан мустақиман идораи фаъолияти хати истеҳсолиро амалӣ месозанд.

Хати технологии истеҳсоли маҳсулоти машруботӣ аз давлатҳои Урупо, бахусус аз ширкатҳои машҳури “Altec”-и Чехия ва “STM”-и Полша, инчунин аз “ЗавКом Инжиниринг”-и Русия фармоиш дода шуда, пурра васлу насб карда шудааст.

Бо мақсади пешниҳоди маҳсулоти аълосифат лабораторияи муосир бо таҷҳизоти замонавӣ, бахусус муайянкунандаи зичии дараҷаи машрубот аз ширкати австриягӣ  таъмин гардидааст, ки дар айни замон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ қиёс надорад.  Машруботи дар ин корхона истеҳсолшаванда асосан барои содирот пешбинӣ шудаанд.

Строительство спортивного объекта в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Азим Иброҳим аз рафти сохтмони як чанд корхонаҳои шаҳри Душанбе интиқод кард

Тибқи иттилои котибот, дар айни замон 100 нафар дар корхонаи нав соҳиби ҷои кор гардида,  ҳангоми пурра ба кор даромадани корхона 160 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. 

Ҳамчунин 25 мутахассиси хориҷии дигар барои омода кардани кадрҳои маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. 

Ҳудуди корхона 1,4 гектар заминро дар бар гирифта, масоҳати бинои сохташуда 7500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои  мазкур бо санъати муосири меъморӣ бунёд ёфта, дар сохтмони он  зиёда аз 100 нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гаштанд.

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана на открытии нового завода "Сиёма" в Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон корхонаи боҳашамати Сиёма -ро ифтитоҳ кард - акс - Sputnik Тоҷикистон
Президент Таджикистана на открытии нового завода "Сиёма" в Душанбе

Аснои шиносоӣ Эмомалӣ Раҳмон, ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфта  баҳои баланд дода, барои фаъолияти пурсамар ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулини корхона дастуру ҳидоятҳои муфид додааст.

Қобили тазаккур аст, ки барои бунёди корхонаи мазкур раисиҷумҳур 19 марти соли 2018 санги асос гузошт.

Бояд гуфт, ки об барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз дарёи Сиёма, ки 55 километр дуртар аз пойтахт қарор дорад, дастрас карда мешавад ва ин об дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, дар даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд.  

Тибқи тадқиқоти олимони соҳа, оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбат расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва барои тозакунии организм басо фоидаовар арзёбӣ карда шудааст. Он аз қабати пиряхҳо сарчашма гирифта, барои кашонидани об корхона бо нақлиёти муосири соҳавӣ, ки таркиб ва хусусиятҳои онро ҳамаҷониба нигоҳ медорад, таъмин мебошад.

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана на открытии нового завода "Сиёма" в Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон корхонаи боҳашамати Сиёма -ро ифтитоҳ кард - акс - Sputnik Тоҷикистон
Президент Таджикистана на открытии нового завода "Сиёма" в Душанбе

Барои таъминоти корхона бо об ва тақсимоти минбаъдаи он дар нуқтаҳои фурӯш воситаҳои нақлиёти махсуси калонҳаҷм бо ғунҷоиши 25-тоннагӣ ва миёнаҳаҷм бо ғунҷоиши 4-тоннагӣ бо насби тамғаи “Сиёма” харидорӣ шудаанд.

Дар назар аст, ки дар муҳлати наздиктарин шумораи нақлиёти боркаш то 200 адад расонида шавад.

Котиботи раисиҷмҳур мегӯяд, оби истеҳсолшавандаи "Сиёма" аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ манфиатовар буда, муаррифи давлат дар арсаи байналмилалӣ шуда, содироти минбаъдаи он метавонад манфиати хуби иқтисодӣ оварад.

Ҳамзамон фаъолияти корхона ба амалигардии "Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020"  мусоидат хоҳад кард.

Розлив воды. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе ба маблағи 15 миллион доллар корхонаи истеҳсоли оби ошимиданӣ месозанд

Ҳукумати мамлакат мақсад гузоштааст, ки тавассути таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватаниро ба роҳ монда, ба ин васила Тоҷикистонро аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ ва содироткунандаи маҳсулоти тайёр табдил диҳад.

Танҳо дар шашмоҳаи якуми соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,3 миллиард сомониро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд буда, тайи солҳои2016 — 2018 ҳаҷми он қариб ду баробар афзудааст.

Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 462 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 корхона зиёд мебошад.

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана на открытии нового завода "Сиёма" в Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон корхонаи боҳашамати Сиёма -ро ифтитоҳ кард - акс - Sputnik Тоҷикистон
Президент Таджикистана на открытии нового завода "Сиёма" в Душанбе

Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намудани коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ нишонаи пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, қадамҳои устувори мо ба самти рушди дарозмуддати мамлакат ва ободии пойтахт мебошанд.

Обрасонӣ аз дарёи Сиёма ба сокинони Душанберо марҳум Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон аз орзуҳои худ хонда буд, ки амалӣ нашуд.

Маҳкамов дар яке аз  суҳбатҳо дар солҳои охири умраш бо расонаҳо гуфт, оби Сиёма аз тозатаринҳо дар минтақа буда, мутахассисони олмонӣ гуфтанд, ҳеч ниёзе ба "филтр", ё худ тозакунӣ надорад.  Маҳкамов иттилоъ дода буд, ки иҷрои тарҳ соли 1987 оғоз гардида, то соли 1990 даҳ километр лӯлаҳои қутрашон 1,2 метриро кашида буданд, аммо дар пайи нооромиҳо лӯлаҳо ба яғмо бурда шуданд.

Ширкати “Авесто Гуруҳ”, ки ба истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикану шароббарорӣ машғул хоҳад шуд, чанд соли қабл таъсис ёфта, феълан дар бахшҳои гуногун фаъолият дорад. Аз ҷумла ин ширкат масъули насби низоми пардохти электронӣ дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе интихоб шуда, инчунин ба тавлиди воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар пойтахт машғул мебошад.

Лентаи хабарҳо
0