Сафари сарвазир ва суҳбати раиси Хатлон аз дастоварду камбудиҳо дар Кӯлоб

© Госкомитет по земельному управлению РТХакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон рӯзҳои 27-28 август ба истиқболи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз шаҳру ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Восеъ ва Кӯлоб дидан кард

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб нахуст аз боғи роҳиоҳанчиён боздид кард.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ ва талаби Расулзода аз масъулини Хатлон барои иҷрои дастурҳои Раҳмон

“Сохтмончиёну масъулини истгоҳи “Роҳи оҳан”-и Кӯлобшаҳр  ҷидду ҷаҳд доранд, ки дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон боғи мазкурро мавриди истифода қарор диҳанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, Расулзода инчунин аз корҳои ободониву бунёдкорӣ дар боғи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи Сангак Сафаров, гулгашти ба номи Сафар Амиршоев, боғи ба номи Сайдалӣ Вализода, маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин, бинои коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов, маҷмааи давлатии боғи ба номи Исмоили Сомонӣ дидан намуда, бо сохтмончиён ва мутасаддиёни иншоотҳо суҳбат орост.

Ҳамчунин бо иштироки сарвазир ва раиси вилоят азнавсозии шоҳроҳи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин оғоз гардид.

Международный инвестиционный Форум в городе Куляб Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Хатлон дар ҷустуҷӯи сармоягузори хориҷист: мақомот сармоягузоронро ба Кӯлоб даъват кард

Котиботи Ҳукумати Хатлон иттилоъ дод, ки пас аз анҷоми сафари кории Қоҳир Расулзода, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар толори қароргоҳи раиси вилоят дар шаҳри Кӯлоб бо ширкати ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва фаъолон ҷаласа доир намуд.

Манбаъ иттилоъ дод, ки раиси вилоят аз масъулин, шахсони мутасаддӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳру вилоят дар бораи омодагиҳо ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ пурсупос кард.

“Қурбон Ҳакимзода таъкид дошт, ки дар шаҳри Кӯлоб ба бунёди иншоотҳо диққат дода, мутаассифона, корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва тозагии гирду атрофи муассиса ва кӯчаю маҳалҳоро сарфи назар намуданд”, - хабар додаст котибот.

Ҳакимзода барои омодагиҳои ҷиддӣ ба ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ислоҳи камбудиҳо ба масъулин супориш додаст.

Лентаи хабарҳо
0