Дар доираи Форум намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, намунаҳои эҷодиёти ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, ба маърази иштирокчиёни Форум гузошта шуд.
Дар кори Форум доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, масъулини мақомоти давлатӣ, намояндагони ҳамватанони бурунмарзӣ, мутахассисону коршиносон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар қисмати расмии Форум, ки таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд баргузор гардид, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, Раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Иноятзода Баҳром, Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Паммершайм, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад Ал Бодӣ, директори иҷроияи Корпоратсияи Исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ Айман Амин Сеҷинӣ, Президенти ширкат оид ба захираҳои "Тибет-Эверест" Хуан Цзян Жунг ва муовини волии Балхи Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар доираи Форум як қатор санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC)”, “Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати дорои масъулияти маҳдуди “Каши Синюй Дади Майнинг” ба имзо расид.
Инчунин, Ёддошти тафоҳум оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо ширкат оид ба захираҳои "Тибет-Эверест", “Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва ҶДММ “Ориён-Рустам» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ” ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти вилояти Хатлон ва вилояти Балхи Афғонистон ба имзо расонида шуд.