ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Ҳафтаи равон сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади ошноӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ аз чанд ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дидан намудааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Хатлон, сарвазир Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб боздид карда, бо рафти корҳои сохтмонӣ ошно гардидааст.
Сарвазир ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастурҳои мушаххас додааст.
Дар хотимаи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи сайёри сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо иштироки фаъолони вилояти Хатлон доир гардидааст, ки дар он сарвазир аз масъулини Хатлон талаб кардааст, ки супоришҳои Президенти Тоҷикистонро иҷро кунанд.
"Дар ҷаласаи мазкур бо натиҷагирӣ аз сафари серӯза дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб сарвазир ба масъулин ҷиҳати хуб ба роҳ мондани корҳои созандагию бунёдкорӣ, иҷро намудани дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, вусъати корҳои созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлол дастуру супоришҳои мушаххас дод", - омадааст дар хабарнома.
Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паи натиҷагирӣ аз сафарҳои корӣ ба вилояти Хатлон, рӯзи 22 июл, раисони якқатор навоҳии вилоятро барканор кард.
Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон раисони 10 ноҳияро барканор кард
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, тағйироти кадрӣ дар паи ошкор шудани як қатор камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарони баъзе ноҳияҳои вилоят амалӣ шуд.
Бо 22 фармон: Эмомалӣ Раҳмон 11 раиси нав таъин кард
Ҳамин тавр бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон, раисони шаҳри Норак, ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ёвон, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Восеъ, Темурмалики вилояти Хатлон ва ноҳияи Сангвор аз вазифаҳояшон озод гардида, ба ҷойи онҳо роҳбарони нав таъин гардиданд.