Рейди “Тоҷикстандарт”: либосҳову ашёи мактабии бидуни иҷозатнома аз фурӯш гирифта шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевШкольная ярмарка на рынке Мехргон в Душанбе
Школьная ярмарка на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони “Тоҷикстандарт” барои ошкор намудани либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш, ки бидуни иҷозатнома дар марказҳои савдову бозорҳои Тоҷикистон фурӯхта мешаванд рейди махсус анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Зиёда аз 250 ҷуфт шиму костюми мактабӣ, 7000 адад дафтар, 300 китоби дарсӣ ва дигар ашёи хониш, ки  бидуни сертификати мутобиқат ба фурӯш гузошта шуда буданд, аз ҷониби кормандони Ожонсии “Тоҷикстандарт” ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд.

Школьная ярмарка на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати саноат: 53 корхонаи Тоҷикистон пурра сокинонро бо либоси мактабӣ таъмин мекунанд

Дар ин бара дафтари матбуоти Ожонсии “Тоҷикстандарт” хабар додаааст.

“Бо фарорасии соли нави таҳсил талабот ба либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш зиёд мешавад ва дар ин замина аз ҷониби соҳибкорон намудҳои гуногуни чунин маҳсулот ба бозори истеъмолӣ ворид мешаванд”, — таъкид намудаанд масъулини “Тоҷикстандарт”.

Дар доираи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи бозори истеъмолӣ, риояи талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ – Регламентҳои техникии Тоҷикистон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, дар ин самт мунтазам аз ҷониби мутахассисони Агентӣ бо воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти ниёзи мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.

Масъулини “Тоҷикстандарт” қайд намуанд, ки мутаассифона, аз ҷониби баъзе фурӯшандагон маҳсулоти номбурда бе риояи талаботи барасмиятдарории гумрукӣ ва бе сертификати мутобиқат ба фурӯш бароварда мешавад.

Школьники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф гуфт, то кай толибилмон дар интихоби либоси мактабӣ озоданд

“Бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла либосҳои мактабӣ ва дигар ашёи хониш дар бозору нуқтаҳои савдои мамлакат назорати давлатӣ гузаронида шуда, ба миқдори зиёда аз 250 ҷуфт шиму костюми мактабӣ, 7000 адад дафтар, 300 китобҳои дарсӣ ва дигар ашёи хониш, ки  бе сертификати мутобиқат ба муомилот бароварда шудаанд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд”, -зикр намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ таъкид намудааст, ки нисбати фурӯшандагон тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тадбирҳои маъмурӣ андешида шуда аст.

Лентаи хабарҳо
0