Вазорати маориф гуфт, то кай толибилмон дар интихоби либоси мактабӣ озоданд

Обуна шудан
Вазорати маорифи Узбакистон қарореро ба тасвиб расонд, ки тибқи он хонандагони мактаб то соли хониши 2024-2025 дар интихоби либоси мактабӣ озод ҳастанд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Вазорати маорифи Узбакистон изҳор доштааст, ки фурӯши либоси ягонаи мактабӣ тариқи макотиби таҳсилоти умумии давлатӣ роҳандозӣ нашавад, хабар медиҳад Podrobno.uz.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзада - Sputnik Тоҷикистон
Расулзода дар Ҳукумат аз таъминот бо шир, либоси мактабӣ ва атлас нигаронӣ кард

Бар хабари манбаъ, алалхусус аз мудирони макотиб даъват ба амал оварда шудааст, ки ба фурӯши либоси ягонаи мактабӣ ва ё пешниҳоди тарҳи нави ягонаи либос барои хонандагони мактаб комилан даст назанад. Ба изҳори вазорати мазкур ба фурӯши либоси мактабӣ танҳо нуқтаҳои савдои либос бояд машғул шаванд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 18-уми июни соли равон вазорати маорифи Узбакистон  тағйирот ба фармон "Дар бораи чораҳои таъмини либоси ягона барои хонандагони муассисаҳои таълимии давлатӣ" - ро тасдиқ намуд.

Тавлидотро зиёд намоед: интиқоди Хол Ҳайдар аз истифодаи матоъҳои истеҳсоли хориҷӣ

Тибқи қарори нав, либоси ягонаи мактабӣ барои хонандагони узбак на солҳои хониши  2019-2020, балки солҳои 2024-2025 татбиқ мешавад. Гуфта мешавад, то соли 2024-2025 толибилмон дар хусуси интихоби либоси мактабӣ комилан озод ҳастанд.

Празднование последнего звонка - Sputnik Тоҷикистон
Бе туҳфа ва 45 дақиқа: милисаҳо дар мактабҳо қоидаҳои “Занги охир”-ро фаҳмонданд

Иттиҳодияи “Узтекстилпром” рӯйхати истеҳсолкунандагони расмии либоси мактабиро нашр намудаст, ки волидон метавонанд аз он бархӯрдор бошанд.

Дар Тоҷикистон бошад, қариб тамоми муассисаҳои таълимӣ ба либоси ягонаи мактабӣ гузаштаанд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саидов қаблан  изҳор намуда буд, ки ҳамаи муассисаҳои таълимӣ танҳо маҳсулоти ватаниро истифода кунанд. Ба гуфтаи вазири маориф либосҳои мактабии аз Чин ва дигар кишварҳо воридшуда асосан аз матоъҳои синтетикиянд ва сифати паст доранд.

Аммо вақтҳои охир дар Тоҷикистон сару садоҳо дар мавриди паст будани сифати либосӣ мактабӣ баланд мешавад. Волидайни хонандагон аз сифат ва тарҳи дӯхти либоси мактабӣ қаноатманд нестанд, ва ҳамин тариқ дар анборҳои кишвар қисми зиёди либоси дӯхтагӣ боқӣ мемонад.

Гумерова: камбудиҳои лоиҳаи таълимии Русия дар Тоҷикистон бояд бартараф шавад

Ахиран аз камсифат будани либосҳои истеҳсолкардаи Тоҷикистон барои толибилмон худи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ интиқод намуда, мақомотҳои марбутаро вазифадор намуд,ки масъалаи истеҳсоли сарулибоси мактабии сифатнок ва дӯхт бо тарҳи замонавиро ба роҳ монанд.

Лентаи хабарҳо
0