Арӯс таги чодар, шаҳбачаро бурданд: Раҳмон аз фоҷиаи оилавию нодорияшон гуфт-аксу видео

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафаробод аз фоҷиаи оилавӣ - ҳалокати бародари калонӣ, Файзиддин Раҳмон ва ҷузъиёти ҳаводиси он рӯзро қисса кард

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон навори суханронии Раҳмонро дар бораи рӯзи ба артиш бурдани бародари калонӣ, рӯзи марг ва сабаби ба Ватан наовардани ҷасадро ба Ватан гуфт.

Ӯ изҳор дошт, бародари калонияш Файзро ҳамагӣ баъди 12 рӯзи овардани арӯсаш ба хона ба хидмати ҳарбӣ бурданд.

“Солҳои 50-60-ум то се сол хизмат мекарданд. Ҳамагӣ 12 рӯз буд, ки арӯсро оварда буданду ӯро ба аскарӣ бурданд. Арӯс дар таги чодар, шаҳбачаро бурданд. Се сол хизмат карданд, дар Лвов сарҳадбон буданд, рухсатӣ наомаданд”, - иттилоъ дод Раҳмон.

Ӯ афзуд, ки ҳамагӣ се рӯз то анҷоми хидмат ва бозгашт ба Ватан Файз ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаасту тафсилоти он рӯзро баён дошт.

“Пеш аз омадан се рӯз мемонад. Як ҳавз доштанд дар дохили қисми ҳарбӣ, ки пеш аз хӯроки нисфирӯзӣ сарбозон дар ҳамон ҷо оббозӣ мекардаанд. Оббозӣ мекунанд, сари миз меоянд, вақти хӯрокхӯрӣ ҷояш холӣ, нест. Ҳамроҳон мепурсанд, куҷо шуд Раҳмонов? Мегӯянд, ҳозир мебиёяд, ки нисфирӯзӣ тамом мешаваду ӯ нест. Тамоми ҷоро мекобанд, ки касе мебинад, либосҳояш дар лаби ҳавзу худаш нест. Баъдан ғаввос медарояд, ки дар таги об ҷасадаш”, - қисса кард раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ӯ гуфт, он замон оилааш ба дараҷае камбизоат буд, ки натавонист ҷасади фарзандро ба Ватан биёрад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафаробод - Sputnik Тоҷикистон
Деҳқон буданд: Президент аз падараш гуфту котибот аксашро нишон дод – аксу видео

“Ҳамон замон ҷасадро падару модар аз ҳисоби худашон меоварданд. Ягон ҳодиса агар рух медод, касе пул дошт, бо хароҷоти худ рафта, фарзандашро меовард. Касе надошт, дар ҳамон ҷо ба хок месупориданд. Ба дараҷае камбизоат будем мо, ки ҳеч кас нарафт. Даҳ рӯз нигоҳ карданд, ки дигар ҳеч кас пайдо нашуд. Ҳамин се рафиқ, аз ҷамоати деҳоти Сангтӯда ду кас - акаю додар ва як нафари дигар аз шаҳри Душанбе ӯро ба хок супориданд. Онҳо бурда нишон доданд, баъд се-чор маротиба зиёрат рафтем”, - илова намуд Раҳмон.

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Файзиддин Раҳмон, бародари калонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Арӯс таги чодар, шаҳбачаро бурданд:  Раҳмон аз фоҷиаи оилавию нодорияшон гуфт-аксу видео - Sputnik Тоҷикистон
Файзиддин Раҳмон, бародари калонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Дар мавриди овардани ҷасад баъди расидан ба мақоми роҳбарӣ Раҳмон гуфт, фикр мекунад, ки баъди ин қадар солҳо озор додан дигар зарурате нест.

“Баъзе фикрҳо буд, ки гирифта овардан даркор. Фикр мекунам баъди ин қадар сол дигар озор додан даркор нест, акнун тақдиру насиб ҳамин будааст”, - хулоса кард Раҳмон.

Файзиддин Раҳмонов  соли 1959 дар вилояти Лвови Украина ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ ба ҳалокат расида, дар қабристони Рава-Русскаяи ноҳияи Жолковский ба хок супорида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0