Раҳмон дар шаҳри Бӯстон коргоҳи 18 миллионаро ифтитоҳ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие предприятия по обработке камня и мрамора ООО "Хоро Худжанд"
Открытие предприятия по обработке камня и мрамора ООО Хоро Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти коргоҳи нав баҳои баланд дода, барои фаъолияти мунтазаму пурсамар ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ба масъулини он дастуру ҳидоятҳо додааст

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон коргоҳи маҳсулоти сохтмонии ҶДММ «Тоҷфилиз»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ятимон дар шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба 100 ятим туҳфа доду барояшон дастархон орост

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, сарвари давлат бо  хати истеҳсолӣ ва имкониятҳои коргоҳи навтаъсис аз наздик шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намудааст.

Гуфта мешавад, ки коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ҶДММ «Тоҷфилиз» дар доираи дастури Президент аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфта, ба коркарди метал, истеҳсоли мех ва мехи печон машғул мебошад.

Ба Раҳмон гуфтаанд, ки ин корхона метавонад дар як моҳ то 600 тонна металро коркард намуда, бештар аз 200 навъи мех ва мехҳои печон истеҳсол намояд.

Ин навъи маҳсулот аслан ба кишвари мо аз хориҷ ворид мегардид ва ифтитоҳи коргоҳи нав метавонад, ки бо сифати баланди маҳсулоти худ дар бозорҳои мамлакат ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда низ рақобат намояд.

Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсараш дар Боғи Ваҳдат - Sputnik Тоҷикистон
Мевачинии Раҳмон ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш дар "Боғи Ваҳдат" - акс

Иншооти мазкур бо муосиртарин хати истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ таъмин буда, маҳсулоти босифатро бо назардошти талабот ва стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд.

Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот асосан аз корхонаҳои ватанӣ, Русия ва Чин дастрас гардида, маҳсулоти ниҳоии сохтмонӣ ба бозорҳои мамлакат пешниҳод карда мешавад.

Дар ҳоли авҷ гирифтани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти гуногун дар кишвар талабот ба ин навъи маҳсулот хеле зиёд буда, ҳамчунин корхона имконият дорад, ки барои содирот низ навъҳои гуногуни мех ва мехҳои печонро истеҳсол намояд.  

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, корхонаи мазкур бо харҷи 18 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Ҳайати корӣ аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта,  малакаи хуби кор бо дастгоҳҳои муосирро соҳибанд. Дар корхонаи нав 50 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гашта, ба иттилои масъулин онҳо аз 2500 то 3000 сомонӣ музди меҳнат мегиранд.

Иншооти мазкур дар масоҳати бештар аз 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, лоиҳаи он аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» дар шаҳри Бӯстон таҳия гардидааст. Пудратчии он ҶДММ «Истиқлол ва КО» буда, корҳо бо назардошти талаботи муосири сохтмонӣ ва бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ анҷом дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0