Мевачинии Раҳмон ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш дар "Боғи Ваҳдат" - акс

Обуна шудан
Дирӯз, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҳамсар ва набераҳояш аз Муассисаи давлатии "Боғи миллии Ваҳдат" боздид кардааст

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои меҳнаткашон ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошно шудааст.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар намоиш навъҳои беҳтарини меваҷот, сабзавот ва полезӣ, аз қабили себ, шафтолу, нок, анҷир, олу, пиёз, қаланфур, помидору бодиринг, каду ва тарбузу харбуза ба маъраз гузошта шуд, ки аксари онҳо маҳсулоти "Боғи миллии Ваҳдат" аст.

Ёдовар мешавем, ки “Боғи миллии Ваҳдат” 20 марти соли 2008 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд ва имрӯз он ба як мавзеи дилфиреб ва макони ризқофарии марди деҳқон мубаддал гардидааст.

"Раҳмон бо фарзандон ба чиниши себ ва олу дар "Боғи миллии Ваҳдат" оғоз бахшиданд", - омадааст дар хабарнома.

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанҲамсари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Мевачинии Раҳмон ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш дар Боғи Ваҳдат - акс - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамсари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Майдони умумии боғи мазкур 631 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он, аз ҷумла дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва дар 10 гектар ангур парвариш карда мешавад.

Дар муассисаи давлатии боғи миллӣ бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот сардхона бунёд шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ҳосили боғот талаф наёфта, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба харидорон пешниҳод гардад. Дар ин ҷо 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи набераҳояш
Мевачинии Раҳмон ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш дар Боғи Ваҳдат - акс - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи набераҳояш

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин кишвардор дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” бо вазъи моҳипарварӣ, ки дар се кӯли масоҳаташ 0,35 гектар роҳандозӣ гардидааст, шинос шудааст.

Дар ҳавзҳои он барои парвариши моҳиҳои гуногун, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва мусоидат кардан ба тозагии муҳити атроф 15 ҳазор моҳиҳои навъи “пешонағафси сиёҳ ва ало”, “карп” ва “амури сафед” сар дода шудаанд.

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРаисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш дар "Боғи Ваҳдат"
Мевачинии Раҳмон ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш дар Боғи Ваҳдат - акс - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш дар "Боғи Ваҳдат"

Дар қисми дигари "Боғи миллии Ваҳдат", раисиҷумҳкр, ба чиниши олу оғоз бахшидааст.

Котиботи президент мегӯяд, айни ҳол аз Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои ИДМ, Чин ва дигар давлатҳо меваю полезӣ ва сабзавоти тару тоза содирот мегардад. Аз ин ҳисоб шаҳрвандони мамлакат даромади соф гирифта, рӯзгори хешро беҳтар месозанд.

Бо дарки ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат боғҳои кӯҳна барқарор ва боғоти интенсивии меваҳои содиротӣ афзун мегарданд.

Баъди шиносоӣ бо вазъи боғоти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мусоид дастуру супоришҳои муфид додааст.

Лентаи хабарҳо
0