ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Мавзуна Чориева дар барномаи "Имшаб", ки рӯзи 8 август дар Youtube нашр шудааст, гуфт як лаҳзаи ҳаёти оилавӣ ба сад медали ӯ намеарзад.
Ровии барнома Мубориз Усмонов суҳбатро аз садамае, ки авохири моҳи июл рух дод оғоз кард. Мавзуна Чориева гуфт, ки хушбахтона ҳамаи аҳли хонавода сиҳату саломатанд ва бештар дасти ӯ лат бардошт, ки акнун беҳтар аст.
"Мо ҳамроҳи апаам ва домодамон ба хонаашон равон будем. Домодамон сари чанбараки мошин буд. Дар роҳ нохост аз пешамон, ки ҷои роҳгузар набуд, як зан талоши аз роҳ гузаштан кард. Барои наҷоти ӯ домод мошинро ба дигар тараф ҳай карду мо ба сутуни миёни роҳ бархӯрдем", - нақл мекунад Чориева.
Дар идомаи суҳбат муҷрӣ аз фаъолияти Чориева ва тамринаш ҳамроҳи падар Ғоибназар Чориев ёдрас шуда мепурсад ки чӣ гуна як духтари тоҷик миёни писарбачаҳо машқ мекард?
Чориева гуфт азбаскӣ дар хонаводаашон писар набуд, падар орзу дошт аз худ номи неке дар соҳаи варзиш боқӣ гузорад ва Мавзунаро чун писари худ машқу тамрин медод. Мавзуна мегӯяд фаъолияти варзишиаш на аз муштзанӣ балки аз куштии тарзи озод сар шудааст.
"Дар ифтихорномаи аввалини ман навиштагӣ буд, ки мукофотонида мешавад Чориева "Индейс" - номи маро дар сабқатҳо намегуфтанд, чун агар писарон мефаҳмиданд, ки ман духтар ҳастам бо ман ба рақобат намебаромаданд", - нақл мекунад Чориева ва меафзояд, ки дар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ бо шаҳодатномаи додараш Чориев Муҳаммадҷон баромад мекард.
Ҳеҷ кас намедонист, ки Мавзуна духтар аст.
"Танҳо як мураббӣ медонист, ки ман духтар ҳастам", - мегӯяд бо табассум Мавзуна.
Пасон Мавзуна ва падараш барои машқ ба Русия мераванд. Вале он замон дар хонаводаи онҳо фоҷиа рух медиҳад ва Мавзуна падарашро аз даст медиҳад.
"Дӯсти ман, ҷураи ман, кайфияти зиндагӣ ишқи дунё пас аз рафтани падар, бароям гум шуд. Гурдаи падарам аз кор монд. Ман ҷасади падарамро худам аз Русия овардам. Баъд ман марди хона шудам", - гуфт Мавзуна.
Бо ёдоварӣ аз ҳаёти шахсӣ Мавзуна гуфт, ки бо шавҳараш аз хурдӣ дар як зал машқ мекарданду дар Русия ҳам якҷо тамрин мегузарониданд.
"Пас аз вафоти падарам ӯ ба ман занг заду гуфт, ки ман туро курта пӯшонида будам дар хурдӣ, ту заншавандаи ман ҳастӣ. Ман розӣ шудам вале гуфтам, агар зид набошӣ ман ба олимпиада рафта пасон хонадор мешавам", - мегӯяд Мавзуна ва меафзояд, ки барояш оила аз ҳама чиз боло аст.
Дар баробари зани "оҳанин" будани Чориева ӯ изҳор медорад, ки ширинтарин лаҳзаҳо дар зиндагиаш пас аз оиладоршавӣ оғоз шуд.
"Баъд аз оила барпо кардан ин боксу,ин нишону ин хурсандӣ, ягон чиз ба як лаҳзаи зиндагии ман баробар шуда наметавонад", - таъкид мекунад Мавзуна Чориева.
Мавзуна Чориева намехоҳад, ки духтарчааш варзишкори касбӣ шавад, чун мегӯяд бисёр сахт аст, зиндагии варзишкорони касбӣ.