ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дирӯз дар бархе аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабари ба садамаи нақлиётӣ дучор шудани муштзани тоҷик Мавзуна Чориева дар сархати хабарҳо қарор гирифта буд.
Бархе аз ҳаводорони ин муштзани муваффақ хабари нохуши садамаи Мавзунаро дурӯғ ва беасос хонаданд.
Таъиноту медалҳо: аз мақомгирии Шамсулло Соҳибов, Мавзуна Чориева ва Назаров то 59 медал
Аммо имрӯз сомонаи Фараж бо истинод ба иттилои муовини президенти Федератсияи каратэ-киёкушинкайи Тоҷикистон Ҳусейнзода Нусратшоҳ хабари нохушоянди ба садама дучор шудани Чориеваро нашр намуд.
"Ин хабар моро хеле сахт мушавваш сохт. Зеро Мавзуна Чориева, аввалин муштзани тоҷик, ки моро дар ҷаҳон муаррифӣ кард, ифтихори мо, кулли варзишгарони тоҷик аст. Ба садама дучор шудани Мавзуна Чориева шунида хеле худро нороҳат ҳис кардам", - изҳор намудаст Ҳусейнзода.
Номбурда зикр намудаст, ки пас аз дарёфт намудани ин хабар ба Мавзуна сӯҳбати телефонӣ доштааст. Худи муштзани тоҷик низ ин хабарро тасдиқ намуда афзудааст, ки дар ҳақиқат ҳамроҳи хонаводааш ба садама дучор шудаст.
Дар Душанбе муштзанони беҳтарини Тоҷикистонро муайян карданд
Ҳолаш хуб аст, танҳо каме дасташ осеб дидаст, қайд намудаст муовини президенти федератсия Ҳусейнзода Нусратшоҳ .