ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Ин бозии футбол, шоми рӯзи 21-уми август байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд, барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар варзишгоҳи осоишгоҳи Баҳористон дар шаҳри Гулистон баргузор шуд ва дар он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок дошт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Мусобиқаи футболи наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон нахуст бо қувваозвоии тимҳои “Спартак” и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар” и ноҳияи Б. Ғафуров шурӯъ шудааст.
Аз дақиқаҳои аввали бозӣ мушоҳида гардид, ки наврасон дар вақти тамрин аз шароитҳои мусоиди фароҳамовардаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, нозукиҳои ин намуд варзиши маъруфи ҷаҳониро аз худ кардаанд. Наврасони футболбоз чусту чолокӣ, риояи техникаи бозӣ ва дигар маҳоратҳои варзишии худро собит кардаанд.
Ҳисобро дар дақиқаҳои аввали бозӣ, варзишгари бо маҳорат Анӯшервони Рустам кушодааст. Ӯ бо маҳорати хос бо зарбаи нишонрас аз майдончаи ҷаримавӣ тубро вориди дарвозаи ҳарифон кардааст.
Аз рафти ин бозӣ шабакаҳои давлатии Тоҷикистон ҳам гузориш доданд ва тавре он дида мешавад, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бозиро бо шавқ тамошо карда, ба голи задаи футболбозони наврасон кафкӯбӣ кардаанд.
Бозӣ байни дастаҳои “Спартак” и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар” и ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд шавқовар сурат гирифта бо ҳисоби 6: 1 бо ғалабаи дастаи “Спартак” анҷом ёфтааст.
Панҷ тӯб дар ин бозӣ бо зарбаҳои қавӣ аз тарафи варзишгари бо маҳорат Анӯшервони Рустам, ки писари шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ аст, вориди дарвозаи ҳарифон гардидааст.
Исми Анӯшервони Рустам, то ин замон ҳам шунида мешуд, аммо ба хотири пирӯзии аспонаш дар мусобиқаи пойгаҳи, ки дар ҷашнҳои Наврӯзӣ доир карда мешуд. Ҳоло акнун ӯ бевосита маҳорати варзишии худашро дар майдон намоиш додааст ва он ҳам дар ҳузури бобояш, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон.
Баъди анҷоми бозии футбол Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасмандии футболбозон ба ҳар кадоми онҳо дучарха ва тубҳои чармӣ туҳфа намудааст. Дар мусобиқаи навбатии футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд, ки то 26 -уми август дар варзишгоҳи Осоишгоҳи Баҳористон, дар шаҳри Гулистон идома меёбад, дастаҳои “Спартак” и шаҳри Хуҷанд, “Ёвар” ва “Амирӣ” и ноҳияи Б. Ғафуров, “Суғдиён” ва “Дӯстӣ” и шаҳри Хуҷанд бо ҳам қувва меозмоянд.