Таърифи Раҳмон аз зиёиён ва миннатдории Фарзона, Озарахш, Адибаи Хуҷандӣ, Гулноз-акс

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зиёиёни вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зиёиёни вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Деваштич бо аҳли зиёи вилояти Суғд суҳбат кардааст, ки котиботи раисиҷумҳур онро самимӣ арзёбӣ намуд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нақши зиёиён, аз ҷумла адибонро дар васфи зебоиҳои сарзамини аҷдодӣ, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои созандаи ҳукумати мамлакат, тарбияи насли оянда дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, махсус қайд кардааст.

“Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки тавассути барномаҳои фарҳангӣ осори тозаэҷоди худро ба ҳаводорони шеъру сухан пешкаш кунанд. Сари ҳар вақт маҳфилҳои эҷодӣ доир карда, бо мардум мулоқотҳои самимӣ доир намоянд”, - омадааст дар иттилоия.

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зиёиёни вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич
Таърифи Раҳмон аз зиёиён ва миннатдории Фарзона, Озарахш, Адибаи Хуҷандӣ, Гулноз-акс - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зиёиёни вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, шоирон - Фарзона, Озарахш, Адибаи Хуҷандӣ, Гулноз ва дигарон дар навбати худ барои таваҷҷуҳу ғамхории сарвари давлат нисбат ба зиёиён изҳори сипос карданд.

Жена народного поэта РТ Лоика Шерали - Зебунисси Кутбиддинова - Sputnik Тоҷикистон
Сӯҳбати ҳамсари Лоиқ: аз ошиқиву гиряҳову нафаси охирини шоир то мисрае, ки чоп нашуд

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар фаъолияти эҷодии аҳли зиёро қадр менамоянд, ҳамасола мулоқотҳои анъанавии раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён доир гашта, дар онҳо ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти шоирону нависандагон, рассомон, ҳунармандон, рӯзноманигорон ва дигарон таҳлилу баррасӣ карда мешавад.

Дар охири суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли зиё фарорасии ҷашни бузурги миллӣ - 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро муборакбод гуфта, барояшон саломатию сарбаландӣ ва парвози баланди эҷодӣ орзу кардаст.

Лентаи хабарҳо
0