ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, дар нимаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Бохтар ба 95,9 миллион сомонӣ расонида шуд.
Тавре манбаъ зикр намудааст Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,1 миллион сомонӣ, ё 113,1 дарасад зиёд мебошад.
“Ҳамчунин, дар ин давра корхнаҳои ҶСК “Трансформатор”, ҶДММ “Ресанда”, ҶДММ “Коргоҳи дӯзандагӣ” ва “Маркази ҳунаромӯзӣ” ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданаанд”, - таъкид намуд манбаъ.
Вазорати саноат: 53 корхонаи Тоҷикистон пурра сокинонро бо либоси мактабӣ таъмин мекунанд
Инчунин, манбаъ қайд намудааст, ки соли равон дар Бохтар 2 корхона ҶДММ “Сафар Фарма” ва ҶДММ “Имрон Бохтар” бо ташкили 21 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки самти фаъолияташон ба истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ равона шудааст.
Ҳамзамон, мақомоти шаҳри Бохтар зикр намудааст, ки корхонаҳои ҶДММ “Кристал-АТТ” ва ҶСП “Равғани Сомонӣ” бо сабаби набудани ашёи хом (пахта ва чигити техникӣ) дар ин давра фаъолият накарданд.
ёдрас мешавем, ки ахиран Хайрулло Амонулло, муовини аввали раиси вилояти Хатлон дар маҷлиси ҷамъбастии 5 моҳа, хабар додааст, ки аз 512 корхонаи ҳудуди вилоят давоми соли равон 188 корхона аз фаъолият бозмондааст.
Вай таъкид намудааст, ки ба сабаби боз мондани корхонаҳо 6 ҳазор нафар бекор монданд.
Инчунин зикр карда шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 39, Данғара 14, Қубодиён 10, Ёвон 10, Дӯстӣ 8, Левакант 8 ва Абдураҳмони Ҷомӣ 8 корхона тамоман фаъолият накарданд, ки ба буҷети вилоят хисороти зиёд расидааст.