Бонки миллӣ аз афзоиши пасандози шаҳрвандону корхонаҳо хабар дод

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаҷми пасандозҳо дар интиҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ 6 миллиарду 555 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 19,5 дарсад бештар аст.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Пасандозҳои шаҳрвандон ва корхонаҳои Тоҷикистон дар бонкҳои кишвар афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ, ҳаҷми пасандозҳо дар интиҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ 6 миллиарду 555 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 19,5 дарсад бештар аст.

Бонки миллӣ махсусан таваҷҷуҳи бештари шахсони воқеиро ба маблағгузорӣ дар бонкҳо таъкид намуда, менависад, аз маҷмӯи умумии пасандозҳо 36,0 фоиз ё 2 миллиарду 360,3 миллион сомонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва 64,0 фоиз ё 4 миллиарду 194,8 миллион сомонӣ ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд.

Бонки Миллӣ фоизи миёнаи солонаро, ки бонкҳои кишвар ба ивази пасандоз ба мардуму корхонаҳо медиҳанд, бо пули миллӣ 15,15 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,98 фоиз арзёбӣ мекунад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,68 фоиз паст ва 0,36 фоиз баланд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0