ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Хайрулло Амонулло, муовини аввали раиси вилояти Хатлон дар маҷлиси ҷамъбастии 5 моҳа, ки ахиран баргузор шудааст, хабар додааст, ки аз 512 корхонаи ҳудуди вилоят давоми соли равон 188 корхона аз фаъолият бозмондааст, иттилоъ додааст хабаргузории tajikistantimes.
Вай таъкид намудааст, ки ба сабаби боз мондани корхонаҳо 6 ҳазор нафар бекор монданд.
Инчунин зикр карда шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 39, Данғара 14, Қубодиён 10, Ёвон 10, Дӯстӣ 8, Левакант 8 ва Абдураҳмони Ҷомӣ 8 корхона тамоман фаъолият накарданд, ки ба буҷети вилоят хисороти зиёд расидааст.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Вахш 92 корхона, Дӯстӣ 83, Ҷайҳун 86, Шаҳритус 56 ва Ҷалолиддини Балхӣ 85 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро кам карданд.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ илова кардааст, ки 21 корхона ва 47 коргоҳи дӯзандагии вилоят бошад нақшаи истеҳсолро танҳо 10 дарсад иҷро кардаанду халос. Корхонаҳои дӯзангии шаҳру ноҳияҳои Норак, Восеъ ва Фархор солҳои зиёд аст фаъолият надоранд.
Аз 17 корхона ва коргоҳҳои равғанбарории шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 6 адади онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Фархор ва Панҷ аз фаъолияти 5 моҳаашон умуман ҳисобот пешниҳод накардаанд.