Омори нашъамандон: Салимзода теъдод, сол ва ҷинси мӯътодонро гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевШерхон Салимзода. Архивное фото
Шерхон Салимзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон гуфт, ба ҳолати 1 июни соли равон дар кишвар 5 ҳазору 666 нафар нашъаманд, аз ҷумла 128 нафар зан ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба нишондоди соли пешӣ 1222 нафар ё 17, 7% кам мебошад

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Азим Иброҳим ин нуктаро зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии истеъмоли маводи нашъадор баён дошт, ки ба гузориши “Ховар” имрӯз бо иштироки мақомдорони баландпояи давлатӣ ва намояндагони созмону кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе баргузор шуд.

Уничтожение  незаконных наркотических веществ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ожонс: дар вилояти Хатлон 1279 мӯътод ба қайд гирифта шудааст

Шерхон Салимзода, раиси Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон  гуфт, вазъи марбут ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа пурра аз вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад.

Ӯ иттилоъ дод, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта нашъамандон дар Тоҷикистон умуман дар қайди расмӣ вуҷуд надоштанд.

“Шурӯъ аз солҳои 1995-96 мавҷудияти беморони нашъаманд дар ҷумҳурӣ ба мушоҳида расида, соли 1998 шумораи онҳо ба 1475 нафар расид. Аз инҳо 61 нафарашон занҳо буданд. Солҳои минбаъда шумораи нашъамандон бо суръати баланд афзоиш ёфта, соли 2008 теъдоди он ба 8846  нафар расид”, - илова намуд Салимзода.

Маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Кӯлоб 64 нуқтаи фурӯши нашъа ошкор гардид

Ба гуфтаи мудири Ожонс, тадбирҳои андешидашуда дар Тоҷикистон мусоидат намуданд, ки ба ҳолати соли 2019 шумораи нашъамандон 3180 нафар коҳиш ёфта, нисбат ба даҳ соли пешин 36 % кам гардид.

Ӯ дар мавриди синни муътодони маводи мухаддир гуфт, 18 то 34- сола 1102 нафар, 35-59-сола 4423 нафар ва аз 60-сола боло 141 нафарро ташкил медиҳанд.

“Бояд гуфт, ки ҷавонони то 18-сола дар қайди нашъамандӣ нестанд. Хушбахтона, дар ҷумҳурии Тоҷикистон маводи мухаддир кишт ва истеҳсол намегардад”, - таъкид намуд Салимзода.

Лентаи хабарҳо
0