Дар Кӯлоб 64 нуқтаи фурӯши нашъа ошкор гардид

© Sputnik / Олег Золото / Гузариш ба медиабонкМаводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давоми ду моҳи ахир даҳҳо "фурӯшгоҳ"-и маводи мухаддирро дар Кӯлоб кашф кардаанд. Ин "дӯкон"-ҳои фурӯши маводи мухаддир дар минтақа дар ҳоле кашф шуданд, ки ба гуфтаи мақомот, аллакай садҳо ҷавони маҳаллиро мӯътод кардаанд.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Тайи 2 моҳи охир дар шаҳри Кӯлоб 64 нуқтаи фурӯши маводи мухаддир ошкор ва соҳибонашон дастгир шудаанд, менависад сомонаи радиои Озодӣ.

Манбаъ меафзояд, дар пайи як амалёти вижа, ки ба гуфтаи мақомот ва сокинон, собиқа надошт,  кормандони умури дохилаи шаҳри Кӯлоб 64 "фурӯшгоҳ"-и маводи мухаддир ва 44 нафар аз фурӯшандагону истеъмолгарони онро боздошт кардаанд.

"Дар дасти мо омори нашъамандон ва нашъафурӯшони ҳар ноҳия мавҷуд аст. Ин бештар дар Кӯлоб ба назар мерасад. Дар худи Кӯлоб то нимаи моҳи декабр 473 нафар мӯътод ба қайд гирифта шуда буд. Ба мисоли дигар Восеъ 57, Ҳамадонӣ 27 нафар, Темурмалик 12 нафар шумурда шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар вилояти Хатлон 1309 нашъаманд таҳти назорати мақомотҳои интизомӣ қарор доранд",- гуфт Маъруф Саъдулоев, раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир дар минтақаи Кӯлоб.

Ба қавли ӯ, теъдоди мӯътодони маводи мухаддир дар шаҳри Кӯлоб нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои ин минтақа бештар аст ва ин бо он рабт дорад, ки чанд ноҳияи минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла Ҳамадонӣ, Фархор ва Шӯрообод бо Афғонистон марзи мустақим доранд.  

Лентаи хабарҳо
0