Ожонс: дар вилояти Хатлон 1279 мӯътод ба қайд гирифта шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевУничтожение незаконных наркотических веществ, архивное фото
Уничтожение  незаконных наркотических веществ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи як амалиёти кормандони Ожонсии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон 4 килову 64 грамм маводи нашъадорро мусодира карданд

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Ожонси назорати маводи нашъаовар дар гузориши вижае хабар дод, ки дар вилояти Хатлон 1279 мӯътод расман ба қайд гирифта шудаанд. Дар маркази вилоят — шаҳри Бохтар ин нишондод ба 197 нафар мерасад.

"Дар худи шаҳри Бохтар бошад ин рақам ба 197 нафар расидааст, ки ба ҳар сад ҳазор аҳолӣ 183 нашъаманд рост меояд", — менависад манбаъ.

Манбаъ афзудааст, дар Бохтар ба наздикӣ як нашъаҷаллоб, ки байни сокмнон ғайриқонунӣ маводи мухадирро тақсим мекард, боздошт шуд.

"Зимни амалиёти вижа дар ҳудуди шаҳри Бохтар, Давлатов Баҳриддин зодаи ноҳияи Восеъ дастгир шуд", — менависад ожонс.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз хонаи истиқоматии муттаҳам 4 килову 64 грамм маводи мухаддир навъи афюн ва ҳероин пайдо ва мусодира шуд.

"Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки Давлатов Баҳриддин аз ҳудуди шаҳри Бохтар хонаи истиқоматиеро ба иҷора гирифта, ба нашъамандон маводи мухаддир мефурухтааст. Вай кӯшиш мекардааст, ки сафи мизоҷонашро аз ҳисоби донишҷӯён ва ҷавононе, ки аз дигар ноҳияҳо ба маркази шаҳри Бохтар барои идомаи таҳсил ё дарёфти кор рафтаанд, зиёд намояд", — таъкид мекунад манбаъ.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, нисбати Давлатов Баҳриддин тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0