Ҳукумати Тоҷикистон зоишро танзим мекунад

© FotoЦентральная межрайонная больница в селении Талхоб Дангаринского района
Центральная межрайонная больница в селении Талхоб Дангаринского района - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикисон барои пешгирӣ аз ҳамли нохоста, афзоиши босуръати аҳолӣ  ва беҳбуд бахшидан ба ҳаёти солими занони тоҷик барномаи махсусеро роҳандозӣ намудааст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барномаи давлатии ҷадидро, ки ба солимии репродуктивӣ марбут аст, барои се соли оянда, аниқтараш аз соли 2019 то 2022 тасдиқ намудаст, хабар медиҳад агентии РИА Новости бо истинод ба маълумоти Вазорати беҳдошти ин кишвар. 

Дети в Африке - Sputnik Тоҷикистон
Серфарзандтарин модари дунё дар 39 сол 38 фарзанд таваллуд кард-видео

Бар тибқи иттилои манбаъ, бо пиёда намудани барномаи мазкур аз ҳамли нохостаи беш аз 450 ҳазор занон дар қаламрави ҷумҳурӣ  пешгирӣ карда мешавад.

Мардона: зане дар Амрико дар 9 дақиқа шаш фарзанд таваллуд кард

Маврид ба зикр аст, ки тирамоҳи соли гузашта Бонки умумиҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дод, ки барои коҳиш додани фақр дар кишвар  бояд мизони таваллудро низ ба маротиб кам намуд.

Он замон намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ изҳор намуданд, ки омили асосии фақр, бекорӣ ва сатҳи баланди муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон, маҳз ба раванди таваллуди барзиёд дар ин кишвар рабт дорад.

Чӣ қадар занони тоҷик таваллуд дар хона бар таваллудхонаро авлотар медонанд?

Дар барномаи солимии репродуктивӣ гуфта шудааст,  чораҳое, ки мақомот то кунун барои роҳ надодан ба таваллудҳои нохоста андешидаанд, аз ҷумла бо тақсими ройгони рифола имкон додааст, ки солона дар Тоҷикистон аз 100 ҳазор таваллуд ҷилавгирӣ шавад.

Младенец на руках у матери - Sputnik Тоҷикистон
Аз хар афтоду даргузашт: чаро модарони тоҷик ҳангоми таваллуд мемиранд?

Мутахассисони вазорати тандурустӣ гуфтаанд, ки агар барномаи нав дуруст амалӣ шавад, имкон медиҳад, дар Тоҷикистон дар муддати 3 соли оянда аз 450 ҳазор ва аз ин ҳам бештар таваллуди нохоста пешгирӣ шавад.

Дар Тоҷикистон, мувофиқи маълумоти оморӣ, ба ҳар як зан то чор кӯдак рост меояд, занони шаҳрнишин бошад на бештар аз се кӯдак таваллуд мекунанд ва аз ҳама таваллуди  баландтарин ба занони деҳнишин мансуб аст, ки онҳо ба ҳисоби миёна шаш фарзандро мезоянд.

Тибқи пешгӯиҳои омори, дар соли 2019 шумораи аҳолии Тоҷикистон 205,521 нафар афзоиш меёбад ва дар охири сол 9,372,362 нафарро ташкил хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0